Сархатиби масҷиди кӯчаи “Яккачинор”-и Душанбе ҳам боздошт шудааст

Кумити давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Ассадулло Исмоилов, имомхатиби масҷиди кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанберо низ се рӯз пеш боздошт кардааст. Дар ин бора Радиои "Озодӣ" бо такя ба манобеяш дар ниҳодҳои қудратӣ хабар додааст.  Пайвандони Асадулло Исмоилов дар суҳбат ба "Озодӣ" гуфтаанд, ки  "сабаби боздошти ӯро намедонанд, мақомоти амният “ӯро барои суҳбат” даъват кардаанд". Дар ҳамин ҳол […]

Кумити давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Ассадулло Исмоилов, имомхатиби масҷиди кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанберо низ се рӯз пеш боздошт кардааст. Дар ин бора Радиои "Озодӣ" бо такя ба манобеяш дар ниҳодҳои қудратӣ хабар додааст. 

Пайвандони Асадулло Исмоилов дар суҳбат ба "Озодӣ" гуфтаанд, ки  "сабаби боздошти ӯро намедонанд, мақомоти амният “ӯро барои суҳбат” даъват кардаанд".

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад Асадулло Исмоилов низ дар баробари дигар руҳониён дар маросими ҷанозаи домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ширкат доштааст.

Ин дувумин боздошти имомхатибҳо дар Душанбе дар як ҳафтаи ахир аст. Чанд рӯз пеш Кумитаи амният аз боздошти сархатиби ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Абдулҳақ Обидовро боздошт ва ба пайрави аз ҷараёни мазҳабии салафия, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст, айбдор карл.

Қадруддин Исмоилов яке аз бародарони Исмоилов гуфтаас, ки танҳо ҳаминро медонад, ки "барои суҳбат даъват шудааст”, вале мавзӯи суҳбатро намедонам.

“Ин давлат аст, ҳукумат аст, умедворам дида мебароянд. Бегуноҳияш исбот шавад, ҷавоб медиҳанд. Ӯ доим ба фоидаи давлату ҳукумат ва халқу ватан сухан мегуфт ва бо гуруҳҳои навбаромади “Салафӣ” сахт муқовимат мекард”, –иброз доштааст Қадруддин Исмоилов ба "Озодӣ".

Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбатҳои огоҳи "Озодӣ" гуфтанд, Асадулло Исмоиловро кормандони мақомот шаби 19-ум ба 20-уми апрел пас аз анҷоми намози “Таровеҳ” аз масҷиди кӯчаи Яккачинори пойтахт дастгир карданд. Субҳи дигар мақомот ба хонаи Асадулло Исмоилов, воқеъ дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ, дар ноҳияи Рӯдакӣ омада китобҳо ва адабиёти онҷо бударо тафтиш карда, қисме аз онҳоро бо худ бурдаанд.

Асадулло Исмоилови 42-сола, оиладор ва шаш фарзанд дошта, дар деҳаи Тепаи Самарқандӣ зиндагӣ мекардааст. Ӯ Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм карда, яке аз шогирдони Амонулло Неъматзода, собиқ муфтии Тоҷикистон будааст. Исмоилов нахуст дар яке аз масҷидҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва баъдан имомхатиби масҷиди Яккачинори Душанбе таъин шудааст.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 23-уми апрел ҳам дар як суҳбати телефонӣ ба "Озодӣ" хабари боздошти Исмоиловро тасдиқ ё рад накардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.