Тоҷикистон гуфт ба “ҷосуси рус” шиносномаи хориҷӣ надодааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як маълумотнома гуфт, ки Тоҷикистон ба Руслан Табаров, нафаре, ки таркиши анбори силоҳ дар ҷумҳурии Чех муттаҳам мешавад, шиносномаи хориҷӣ надодааст. Вазорат гуфтааст, ки "аз рӯи ахбори расонаӣ вобаста ба таркиши анбори силоҳ дар Ҷумҳурии Чехия маълум гардидааст, ки гӯё яке аз ду нафар гумонбарон бо шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як маълумотнома гуфт, ки Тоҷикистон ба Руслан Табаров, нафаре, ки таркиши анбори силоҳ дар ҷумҳурии Чех муттаҳам мешавад, шиносномаи хориҷӣ надодааст.

Вазорат гуфтааст, ки "аз рӯи ахбори расонаӣ вобаста ба таркиши анбори силоҳ дар Ҷумҳурии Чехия маълум гардидааст, ки гӯё яке аз ду нафар гумонбарон бо шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Табаров Руслан Ҳалимович содир карда бошад, чунин хабар медиҳем, ки тибқи маълумоти махзани ягонаи шиносномаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № М005947 аз 25 02.2011, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович санаи таваллудаш 23 октябри соли 1975, шиноснома дода нашудааст".

Ҳамчунин ВКД гуфтааст, ки аз сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Чехия ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус дархост ворид нагардидааст.

Ниҳодҳои маъули Чехия рӯзи 17-уми апрели имсол гуфтанд, шаҳрвандони Русия бо шиносномаҳои молдовӣ ва тоҷикӣ соли 2014 вориди Чехия шудаанд ва дар таркиши анбори силоҳе дар деҳаи Врбетитсе дар шарқи ин кишвар даст доранд. Ҳоло онҳо ба кофтукоби байналмилалӣ дода шудаанд.

Полиси Ҷумҳурии Чех гуфт, Петров ва Боширов аз 11 то 16-уми октябри соли 2014 дар Чехия буданд ва аз шиносномаи Молдова ба номи Николай Попа (санаи таваллуд 18-уми июли соли 1979) ва аз шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров (санаи таваллуд 23-юми октябри соли 1975) истифода кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.