Раиси Бохтар ба донишкада рафта донишҷӯеро, ки як духтарро наҷот дода буд, мукофот дод

Раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода ба Донишкадаи знергетикии Тоҷикистон дар ин шаҳр  рафта, Зафар Нуралиев донишҷӯйи ин донишкадаро барои аз ғарқшавӣ наҷот додани як духтари ҷавони 23-сола, бо сипоснома ва ҷоизаи молӣ тақдир кардааст. Зафар Нуралиев донишҷӯйи соли сеюми ин донишкада рӯзи 19-уми апрел ин духтарро аз дарёчаи Ҷайҳун наҷот додааст, хабар медиҳад дафтари […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода ба Донишкадаи знергетикии Тоҷикистон дар ин шаҳр  рафта, Зафар Нуралиев донишҷӯйи ин донишкадаро барои аз ғарқшавӣ наҷот додани як духтари ҷавони 23-сола, бо сипоснома ва ҷоизаи молӣ тақдир кардааст.

Зафар Нуралиев донишҷӯйи соли сеюми ин донишкада рӯзи 19-уми апрел ин духтарро аз дарёчаи Ҷайҳун наҷот додааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Бохтар.

“Рӯзи 19 апрел дар маркази маъумурии вилояти Хатлон -шаҳри Бохтар озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб 2021” доир мегардид. Дар рафти ин озмун Шабнам Сафарова сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, тасодуфан дар дарёчаи “Ҷайҳун” меғалтад, ки аз сабаби хунукӣ ва ҳаракати тез Шабнам имкони баромадан намеёбад. Зафар Нуралиев, донишҷуи курси 3 юми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, худро ба об андохта Шабнамро аз об мебарорад”- хабар додааст маркази матбуотии раиси шаҳр.

Раиси Бохтар ин амалкарди Зафар Нуралиевро қаҳрамонӣ номида, ба хотири наҷоти ҷони як инсон аз ӯ изҳори сипос кардааст.

Дар ҳамин маврид ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Диловар Исозода низ ин амали шогирдашонро як амали ҷавонмарди номида ба ӯ арзи сипос карда, аз номи донишкада низ ба ӯ “Сипоснома” ва туҳфаи молӣ додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.