Шаҳрвандони кадом кишварҳо ва бо чӣ гуна шартҳо ба Тоҷикистон омада метавонанд?

Намояндаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ  тартиб ва қоидаҳои вуруди шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро ба қаламрави Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дод. Айни замон шаҳрвандон ҳамаи кишварҳо тариқи роҳи ҳавоӣ ба Тоҷикистон омада метавонанд, лекин мусофирон аз баъзе кишварҳо аз назорати махсус мегузранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон. “Шаҳрвандони ҳамаи давлатҳо бо истифода […]

Намояндаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ  тартиб ва қоидаҳои вуруди шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро ба қаламрави Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дод.

Айни замон шаҳрвандон ҳамаи кишварҳо тариқи роҳи ҳавоӣ ба Тоҷикистон омада метавонанд, лекин мусофирон аз баъзе кишварҳо аз назорати махсус мегузранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

“Шаҳрвандони ҳамаи давлатҳо бо истифода аз хатсайрҳои мавҷуда ва парвозҳои чартерии бо ситод мувофиқашуда ба Тоҷикистон ворид шуда метавонанд. Дар сурате, ки омадани шаҳрвандони хориҷӣ лозим бошад, масалан сафарҳои корӣ ё вуруди кормандони машғули кор дар Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии ин кишвар ё ширкатҳо ба Ситоди ҷумҳуриявӣ барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат мекунанд”, – хабар дод Ҷаъфаров.

Ӯ гуфт, барои ворид шудан ба Тоҷикистон маълумотнома (справка) дар бораи сироят надоштан аз коронавирус, ки 72 соат то расидан дода шудааст, талаб мешавад, лекин мусофирони баъзе кишварҳо тести иловагӣ месупоранд.

“Мусофиронеро, ки аз Русия, АМА, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон меоянд, бо тести манфӣ аз коронавирус ба кишвар роҳ медиҳанд. Лекин мусофирон аз Истанбулу Кобул дар фурудгоҳи Душанбе аз санҷиши махсус гузашта, тести иловагӣ месупоранд. Ҳамчунин ба онҳо тавсия дода мешавад, ки муддати 3 рӯз дар карантини хонагӣ нишаста, натиҷаҳои тестро мунтазир шаванд”, – гуфт сардори Раёсат.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим барои он гирифта шудааст, ки дар Туркия вазъи эпидемиологӣ шиддат гирифта, Афғонистон ноамн аст.

“Тайи шабонарӯзи ахир (маълумоти 21 апрел – Идора) дар Туркия зиёда аз 60 ҳазор ҳолати сироят аз коронавирус ошкор шуда, вазъ шиддат мегирад. Боз бархе аз мусофирони ин самт бо нишасти дубора аз дигар кишварҳо меоянд ва маҳдудияти 72 соати маълумотнома риоя намешавад. Вазъият дар Афғонистон ноамн буда, касе бехатарии эпидемиологиро кафолат дода наметавонад. Шаҳрвандони Афғонистон, ки бо роҳи заминӣ меоянд, онҳо ҳам тести иловагӣ месупоранд”, – илова кард ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки дар Вазорат ва Ситод вазъияти минтақа ва кишварҳоеро, ки Тоҷикистон бо онҳо алоқаи ҳавоӣ дорад, пайгирӣ мекунанд ва дар сурати зарурат, нисбати ин кишварҳо низ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Аз вазъият дар Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ (ва натанҳо онҳо) чӣ гуна огаҳӣ пайдо кунанд?

Ин мавод бо дархости шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба “Азия-Плюс” баҳри дарёфти маълумот муроҷиат карданд, омода шуд.

“Мо ба Тоҷикистон рафтанием, лекин дар сомонаҳои Вазорати корҳои хориҷӣ ё Вазорати тандурустӣ дар бораи қоидаҳои вуруд ба кишвар ҳеҷ гуна маълумот пайдо накардем”, – навиштанд онҳо ба мо.

Дарвоқеъ ҳам, дар сомонаҳои мақомоти ваколатдори Тоҷикистон дар ин бора маълумот нест ва ин ҳадди ақал аҷиб аст, зеро дар давраи пандемия чунин маълумот, қарору фармоишҳо дар ин бора бояд чоп шаванд ва дар дигар кишварҳо чунин ҳам ҳаст. Ин муҳим мебошад, то ки нофаҳмӣ ба вуҷуд наояду масъалаҳо нодуруст шарҳу тавзеҳ дода нашаванд ва ба сурати умум, бесарусомонӣ дар ин масъала вуҷуд надошта бошад.

Тамос гирифтан бо дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муяссар нашуд, то ки сабаби чунин вазъро бифаҳмем.

Мавриди зикр аст, ки натанҳо дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон, балки дар сомонаҳои дигар Вазорату идораҳо низ дар бораи вазъияти кишвар дар робита ба пандемия маълумоти рӯзмарра вуҷуд надорад. Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус муддати тамоми сол барои рӯзноманигорон ягон нишасти хабарӣ баргузор накард. Ҳамин Ситод вуҷуд дорад ё не, маълум нест. Дар ин бора танҳо эълон шуда, лекин на телефону на маркази матбуот ва ҳатто суроғаи почтаи электронии ин Ситод то ҳол маълум нест.

Дар маводи мо «О президенте, новости, сводки. Как работают и о чем пишут сайты министерств Таджикистана?» дар бораи фаъолияти сомонаи вазорату идораҳо маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.