Писари дигари Эшони Қиёмиддинро 11 сол зиндон карданд

Asia-Plus

Саидҳасани 27-сола, писари дувуми Саидқиёмиддини Ғозӣ маъруф ба Эшони Қиёмиддин, яке аз чеҳраҳои маъруфи даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро барои 11 сол равонаи зиндон карданд. Дар ин бора радиои "Озодӣ" бо такя ба хешовандони маҳкумшуда хабар додааст. 

Наздикони Саидҳасан гуфтаанд, ки онҳо аз ҷузёияти ҳукм огоҳ нестанд, зеро ҳукм ду ҳафта пеш аз сӯйи Додгоҳи шаҳри Душанбе, пушти дарҳои баста содир шудааст. Саидҳасан писари дувуми Саидқиёмиддини Ғозӣ аст, ки дар чанд моҳи ахир равонаи зиндон мешавад. 

Бино ба иттилои манбаъ,  Саидҳасани Саидқиёмиддин, таҳсилкардаи яке аз донишгоҳҳои Эрон, моҳи июли соли гузашта дастгир шуда буд.  Яке аз пайвандони Саидҳасани Саидқиёмиддин, ки худро Саидаброр Шокиров муаррифӣ кардааст ба "Озодӣ", гуфтааст, "наздиконаш дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон нестанд. Ин фарзанди Саидқиёмиддини Ғозӣ аз ҳамсари дуввумаш аст".

Додгоҳи шаҳри Душанбе дар бораи ҳукм иттилое надодааст. Ҳатто маълум нест, ки ҳукм бар асоси кадом модда сурат гирифтааст. 

Пайвандонаш гуфтаанд, Саидҳасан соли гузашта ҳамроҳи бародаронаш – Саидмуҳаммадии 44-сола ва Саидмуҳаммади 25-сола – боздошт ва пас аз муддате бо шарти тарк накардани ҷойи зист раҳо шуда буд.

Саидмуҳаммади Саидқиёмиддин писари дигари Эшони Қиёмиддин дар охирҳои моҳи октябри соли гузашта бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ба 13 сол маҳкум шуда буд.

Худи Саидқиёмиддини Ғозӣ соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург дастгир ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда, ба 25 сол зиндон маҳкум карданд. Дар ошӯби тобистони соли 2019 дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...