Беҳбуди суръати интернети МегаФон Тоҷикистон барои муштариёни Хатлон

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ  васеъкунии шабакаи худро дар вилояти Хатлон идома медиҳад. Дар моҳи май МегаФон Тоҷикистон зиёда аз 15 пойгоҳи нави базавии  наслҳои сеюм ва чорумро ба истифода супорид. Акнун дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Ёвон ва дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак суръати интернети мобилӣ то 30 […]

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ  васеъкунии шабакаи худро дар вилояти Хатлон идома медиҳад.

Дар моҳи май МегаФон Тоҷикистон зиёда аз 15 пойгоҳи нави базавии  наслҳои сеюм ва чорумро ба истифода супорид. Акнун дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Ёвон ва дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак суръати интернети мобилӣ то 30 Мбит/с барои муштариёни оператор дастрас мебошад.

Дар якчанд ҷамоатҳои ноҳияҳои Дӯстӣ, Данғара ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бори аввал сокинон имконият пайдо карданд, ки аз интернети баландсуръати ширкати «МегаФон Таджикистан» истифода баранд. Дар ҷойҳое, ки қаблан 4G дастрас буд, қобилияти гузариши шабакаи насли чорум васеъ карда шуд.

Яъне, минбаъд  бештари истифодабарандагон метавонанд ҳамзамон бо суръати баландтарин ба интернет ворид шаванд. Ин барои тамошои видео дар смартфонҳо бидуни қатъшавӣ, машғул шудан бо онлайн-бозиҳо, ирсоли аксҳо, видео ё ҳуҷҷатҳо имкон медиҳад. 

«Рӯз то рӯз  талабот ба хизматрасониҳои муосири интернетӣ дар байни муштариён меафзояд. Аз ин рӯ, мо ҳар сол шабакаро такмил медиҳем, пойгоҳҳои иловагии пойгоҳӣ насб намуда, дар ноҳияҳои дурдаст бори аввал 4G-ро роҳандозӣ менамоем. Акнун муштариёни мо метавонанд интернетро бо суръати баланд ҳатто дар баландкӯҳҳо истифода баранд. Ҳамаи ин на танҳо хизматрасониҳои  нави рақамӣ, балки сифати зиндагӣ маҳсуб меёбад», – иброз дошт Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.