Суғд: имдодгарон 2 кӯдакро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Ба наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд муяссар шуд, ки дар соҳили дарёи Сир ду наврасро аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд, ки яке ҳамагӣ 10-сол дошт. Тавре маркази матбуоти КҲФ хабар медиҳад, навбатдорон ду ноболиғеро, ки  дар қаламрави шаҳри Хуҷанд дар оби дарёи Сир ғарқ мешуданд, наҷот доданд. Ин ду нафар, ки 10 ва 14 сол […]

Ба наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд муяссар шуд, ки дар соҳили дарёи Сир ду наврасро аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд, ки яке ҳамагӣ 10-сол дошт.

Тавре маркази матбуоти КҲФ хабар медиҳад, навбатдорон ду ноболиғеро, ки  дар қаламрави шаҳри Хуҷанд дар оби дарёи Сир ғарқ мешуданд, наҷот доданд. Ин ду нафар, ки 10 ва 14 сол доштанд, сокинони шаҳри Хуҷанд буданд. Онҳо иттифоқан дар ҷойи барои оббозӣ мамнуъ шиноварӣ мекарданд.

Гуфта мешавад, баъди наҷот ба онҳо кумаки аввалияи тиббӣ расонда шуда, вазъи солимиашон хуб ва бемористон барои муоинаи духтурон бурданро рад карданд.

Кумита бори дигар аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки ҳангоми оббозӣ ва истироҳат назди кӯлу дарё ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намуда, кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.