Анҷоми мусобиқаи ҳарсолаи ҷумҳуриявии велосипедронӣ бо дастгирии Tcell дар Хуҷанд

Дар пойгаи велосипедронии трекӣ 60 варзишгари касбӣ дар чанд категорияҳои синну солӣ ширкат варзиданд. Сабқати дучархасаворӣ дар шоҳроҳ дар масофаҳои 10 км, 22 км ва 44 км сурат пазируфт. Президенти Федератсияи велосипедронҳо ва Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев шахсан ғолибонро табрик карда, ба онҳо тӯҳфҳои хотирмон тақдим намуд. Ба қавли ӯ, варзишгарон натиҷаҳои худро […]

Дар пойгаи велосипедронии трекӣ 60 варзишгари касбӣ дар чанд категорияҳои синну солӣ ширкат варзиданд. Сабқати дучархасаворӣ дар шоҳроҳ дар масофаҳои 10 км, 22 км ва 44 км сурат пазируфт.

Президенти Федератсияи велосипедронҳо ва Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев шахсан ғолибонро табрик карда, ба онҳо тӯҳфҳои хотирмон тақдим намуд. Ба қавли ӯ, варзишгарон натиҷаҳои худро аз мусобиқа то мусобиқа беҳтар мекунанд ва ҳадафи онҳо дар мусобиқаҳои велосипедронии байналмилалӣ иштирок кардан мебошад.

Ҳама ғолибон бо диплом ва медалҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тотористон, инчунин тӯҳфаҳои хотиравӣ ва купонҳо барои симкортҳои   Tcell мукофотонида шуданд. Таваҷҷуҳи вижа ба ҷавонтарин иштирокчиён ва духтарони иштирокчии мусобиқа нигаронида шуд: онҳо соҳиби ҷоизаҳои ифтихорӣ гардиданд.

Ширкати мухобиротии Tcell сарпарасти аслии Федератсияи велосипедронҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷанбаҳои афзалиятноки масъулияти иҷтимоии Tcell- тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи муҳити зист мебошанд. Бо дастгирии чорабиниҳои варзишӣ, Tcell мекӯшад, ки дар ниҳоди насли наврас арзишҳои воқеии инсониро парварида, тарзи ҳаёти солимро тарғиб намояд.

Мусобиқа аз ҷониби Федератсияи велосипедронҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳимояти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарасатии ширкати телекоммуникатсионии Tcell баргузор гардид.

__________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.