Ҳавасмандии Тоҷикистону Эрон ба густариши муносибатҳои сиёсӣ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 8 июн вазири нерӯи Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон Ризо Ардакониёнро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид. Гуфта мешавад, зимни мулоқот инчунин […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 8 июн вазири нерӯи Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон Ризо Ардакониёнро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот инчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ба хусус фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки вазири неруи Эрон қаблан бо вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода низ дидору гуфтушунид кард.

Дар сомонаи Вазорати молия дар ин робита гуфта мешавад, дар аснои мулоқот ҷонибҳо атрофи рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, саноат ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.

Ёдрас мекунем, ки вазири неруи Эрон Ризо Ардакониён рӯзи 7 июн ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистону Эрон ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.