Вазири энергетикаи Эрон ба Душанбе омад

Вазири энеретикаи Эрон Ризо Ардакониён имрӯз ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон ба Душанбе омад. Дар бораи таърихи баргузории ҷаласа чизе гуфта нашуда, лекин тавре ИРНА хабар медиҳад, дар доираи ин сафар Ризо Ардакониён ҳамчунин  бо ҳамтои тоҷики худ Далер Ҷумъа дидору гуфтушунид […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Вазири энеретикаи Эрон Ризо Ардакониён имрӯз ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон ба Душанбе омад.

Дар бораи таърихи баргузории ҷаласа чизе гуфта нашуда, лекин тавре ИРНА хабар медиҳад, дар доираи ин сафар Ризо Ардакониён ҳамчунин  бо ҳамтои тоҷики худ Далер Ҷумъа дидору гуфтушунид мекунад.

Ҳамчунин ҷиҳати баррасии масоили рушди ҳамкории иқтисодӣ байни кишварҳо ӯ бо дигар шахсони расмии кишвар низ мулоқот хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон моҳи декабри соли 2019 дар Теҳрон доир гардида буд.

Он замон ҷонибҳо роҳу воситаҳои рушд ва густариши ҳамкориҳоро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, илму маориф, фарҳанг, варзиш,  тандурустӣ, хоҷагии об ва энергетика, телевизиону радио, нақлиёт ва дигар соҳаҳо баррасӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.