Боҷи гумрукӣ барои воридоти гӯшти мурғ, макарон ва тамоку зиёд мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки меъёрҳои боҷҳои воридотии гумрукӣ ба гӯшт ва маҳсулоти ғизоӣ аз мурғи хонагӣ, инчунин маснуоти макарон (спагетти, лапша, равиоли, каннеллони ва ғайра) ду баробар зиёд карда шавад. Дар қарори ҳукумат аз 27 майи соли равон супориш дода шудааст, ки меъёрҳои боҷи воридотии гумрукӣ аз 10% то 20% аз арзиши гумрукии маҳсулоти […]

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки меъёрҳои боҷҳои воридотии гумрукӣ ба гӯшт ва маҳсулоти ғизоӣ аз мурғи хонагӣ, инчунин маснуоти макарон (спагетти, лапша, равиоли, каннеллони ва ғайра) ду баробар зиёд карда шавад.

Дар қарори ҳукумат аз 27 майи соли равон супориш дода шудааст, ки меъёрҳои боҷи воридотии гумрукӣ аз 10% то 20% аз арзиши гумрукии маҳсулоти зикршуда боло бурда шавад.

Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки меъёрҳои боҷии воридотии гумрукӣ ба тамоку ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку зиёд карда шаванд.

Аз ҷумла боло бурдани меъёри «ашёи хоми тамоку ва партовҳои тамоку” аз 5% аз арзиши маҳсулоти змикршуда то 10%, «сигар, сигарҳо бо охирҳои буридашуда, сигарилла ва сигаретҳо аз табак ё ивазкунандаҳои саноатии он» – аз 23% то 46%, «дигар тамокуи бо роҳи саноатӣ тайёршуда ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку, «гомогенишуда» ё тамокуи “барқароршуда”, шираҳо ва ҷавҳари тамоку – аз 18% то 36% дар назар аст.

Қаблан зикр гардида буд, ки бо қарори ҳукумат ду баробар боло бурдани андози аксизӣ ба тамоку ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку ба нақша гирифта шудааст.

Қарорҳо дар бораи болоравии боҷ ба гӯшти мурғ ва маснуоти тамоку баъди як моҳи нашрр расмӣ дар нашрияи ҳукумат “Ҷумҳурият” ва меъёрҳои нав ба маснуоти макарон  аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор мегиранд.

Меъёрҳои боҷи воридотии гумрукӣ маъмулан барои коҳиши воридоти ҳаҷми маҳсулоти номатлуб ба кишвар боло бурда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.