Қазоқистон ба Тоҷикистону Қирғизистон муҳиммоти ҷангӣ медиҳад. Ба кӣ бештар?

Вазорати мудофиаи Қазоқистон ду лоиҳаи қарореро дар пойгоҳи “Открытые НПА” гузоштааст, ки бар асоси ин санадҳо Қазоқистон таҷҳизоти низомии изофии худро ба Қирғизистону Тоҷикистон медиҳад. Миқдори муҳиммоти ҷангие, ки Қазоқистон ба Қирғизистон медиҳад, нисбат ба Тоҷикистон зиёдтар гуфта мешавад Дар тарҳе, ки гуфта мешавад ба Тоҷикистон ёриҳои фанниву низомӣ карда мешавад, омадааст, ки Қазоқистон ба ин […]

Вазорати мудофиаи Қазоқистон ду лоиҳаи қарореро дар пойгоҳи “Открытые НПА” гузоштааст, ки бар асоси ин санадҳо Қазоқистон таҷҳизоти низомии изофии худро ба Қирғизистону Тоҷикистон медиҳад. Миқдори муҳиммоти ҷангие, ки Қазоқистон ба Қирғизистон медиҳад, нисбат ба Тоҷикистон зиёдтар гуфта мешавад

Дар тарҳе, ки гуфта мешавад ба Тоҷикистон ёриҳои фанниву низомӣ карда мешавад, омадааст, ки Қазоқистон ба ин кишвар 3 млн 240 дона тири ПС 5,45 миллиметра, 20 ҳазору 76 дона  тирҳои 23 миллиметра ва 10 ҳазор дона тирҳои миномиёти 82 миллиметра интиқол медиҳад.

Ҷониби Қазоқистон далели дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштани ин ҳама муҳиммоти ҷангиро ба он рабт додааст, ки онҳо зиёдатианд.

Тибқи созишнома Қазоқистон ба Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон муҳиммоти бештари низомӣ медиҳад:

6 миллион дона тири қутраш 5.45 мм;

1000 дона мушаки 122 мм дорои кулоҳаки тика-тикашавандаи бо инфиҷори боло;

2000 донаи кортриҷи сигнали заминии дуди норинҷидор;

1000 дона кортриҷи сигнали оташи зарди 26 мм;

4 донаи пости раҳгири шунавоии «Восток-СП»;

шаш дона RPU "Галактика";

як донаи калиди мавҷгири "Калина 12×80";

Қазоқистон ин гуна ёриҳои низомиву фанниро ба Тоҷикистону Қирғизистон дар гузашта ҳам кардааст ва гуфтааст, ки ин ёриҳо бо ҳадафҳои мусолиматомез ироа мешаванд.

Аммо расонаӣ шудани ин ҳадафи Қазоқистон дар пасманзари даргириҳои мусаллаҳони 29-уми апрели миёни Тоҷикистону Қирғизистон, сару садоҳоеро дар расонаҳо барангехтааст.  Вале дар ин пойгоҳ дида мешавад, ки лоиҳаҳои қарори ироаи муҳиммоти низомӣ дар авоили моҳи феврали соли 2021, замоне, ки ҳоло даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирзистон ҳанӯз рух надода буданд, гузошта шудааст.

Лоиҳаи тақдими муҳиммоти ҷангӣ ба Тоҷикистонро ҳукумати Қазоқистон рӯзи 3 июн ба парлумон пешниҳод кардааст.

Дар ҳар ду созишнома қайд шудааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳуқуқ надоранд, ки лавозимоти ҷангиро ба тарафи сеюм  тақдим кунанд ва ё фурӯшанд.

Сомонаи “Liter.kz” бо такя ба Вазорати мудофиаи Қазоқистон гуфтааст, ки ҳоло ҳамоҳангсозиҳои мақомоти манфиатдори давлатии Қазоқистон ва кишварҳои дарёфткунанда ҳанӯз давом дорад. Агар ҳама чиз хуб шавад, лоиҳа дар давоми соли 2021 амалӣ хоҳад шуд,-гуфтааст манбаъ.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.