Писари дигари Эшони Қиёмиддинро 11 сол зиндон карданд

Саидҳасани 27-сола, писари дувуми Саидқиёмиддини Ғозӣ маъруф ба Эшони Қиёмиддин, яке аз чеҳраҳои маъруфи даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро барои 11 сол равонаи зиндон карданд. Дар ин бора радиои "Озодӣ" бо такя ба хешовандони маҳкумшуда хабар додааст.  Наздикони Саидҳасан гуфтаанд, ки онҳо аз ҷузёияти ҳукм огоҳ нестанд, зеро ҳукм ду ҳафта пеш аз сӯйи Додгоҳи шаҳри Душанбе, […]

Саидҳасани 27-сола, писари дувуми Саидқиёмиддини Ғозӣ маъруф ба Эшони Қиёмиддин, яке аз чеҳраҳои маъруфи даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро барои 11 сол равонаи зиндон карданд. Дар ин бора радиои "Озодӣ" бо такя ба хешовандони маҳкумшуда хабар додааст. 

Наздикони Саидҳасан гуфтаанд, ки онҳо аз ҷузёияти ҳукм огоҳ нестанд, зеро ҳукм ду ҳафта пеш аз сӯйи Додгоҳи шаҳри Душанбе, пушти дарҳои баста содир шудааст. Саидҳасан писари дувуми Саидқиёмиддини Ғозӣ аст, ки дар чанд моҳи ахир равонаи зиндон мешавад. 

Бино ба иттилои манбаъ,  Саидҳасани Саидқиёмиддин, таҳсилкардаи яке аз донишгоҳҳои Эрон, моҳи июли соли гузашта дастгир шуда буд.  Яке аз пайвандони Саидҳасани Саидқиёмиддин, ки худро Саидаброр Шокиров муаррифӣ кардааст ба "Озодӣ", гуфтааст, "наздиконаш дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон нестанд. Ин фарзанди Саидқиёмиддини Ғозӣ аз ҳамсари дуввумаш аст".

Додгоҳи шаҳри Душанбе дар бораи ҳукм иттилое надодааст. Ҳатто маълум нест, ки ҳукм бар асоси кадом модда сурат гирифтааст. 

Пайвандонаш гуфтаанд, Саидҳасан соли гузашта ҳамроҳи бародаронаш – Саидмуҳаммадии 44-сола ва Саидмуҳаммади 25-сола – боздошт ва пас аз муддате бо шарти тарк накардани ҷойи зист раҳо шуда буд.

Саидмуҳаммади Саидқиёмиддин писари дигари Эшони Қиёмиддин дар охирҳои моҳи октябри соли гузашта бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ба 13 сол маҳкум шуда буд.

Худи Саидқиёмиддини Ғозӣ соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург дастгир ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда, ба 25 сол зиндон маҳкум карданд. Дар ошӯби тобистони соли 2019 дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.