Ҳуши маснуӣ дар Душанбе. Ифтитоҳи дафтари кории TajRupt дар пойтахт

Asia-Plus

Дар бинои “Бухоро Палас” дар шаҳри Душанбе 8 июн маросими ифтитоҳи дафтари кории TajRupt – нахустин маркази омӯзиши зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ доир гардид.

Дар ин маросими тантанавӣ вазири саноат ва технолгияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, ёвари президент дар умури масоили иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, вакилони парлумон, соҳибкорон ва бонкдорон ҳузур доштанд.

Дар оғози чорабинӣ муассиси маркази TajRupt Азизҷон Азимӣ меҳмононро бо фаъолияти марказ шинос кард.

Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дар як машғулият тавонист шахсан иштирок кунаду тариқи тамоси онлайн бо толибилмон аз дигар шаҳрҳо гуфтугӯ кунад.

Сипас хатмкардагони муваффақи маркази TajRupt лоиҳаҳои худро ба ҳозирин муаррифӣ карданд.

Ба меҳмонон дар бораи барномаи муосири TajRupt оид ба ҷалби ҳуши маснуӣ ба бахши бонкӣ, ки дар ҳамдастӣ бо “Спитамен Бонк” амалӣ мешавад, муфассал маълумот доданд.

Зикр шуд, ки ҳуши маснуӣ метавонад мустақилона тавонманди бозгардони қарзи қарзгирандаро мавриди таҳлил қарор диҳад.

Шералӣ Кабир изҳор дошт, ки ба ҷавонон кумак, хусусан дар бахши ҳуши маснуӣ, зарур аст. 

“Кӯшиш мекунем, ки барои рушди соҳаатон каме ҳам бошад, кумак кунем. Дар Вазорат бобати кадом соҳаҳоро дар навбати аввал дастгирӣ кардан бисёр баҳс кардем, то ки ба иҷрои вазифаҳои назди ҳукумат гузошташуда ноил гардем. Барои муваффақ шудан ҳама чиз дорем ва аввалини академияи ҳуши маснуӣ инро тасдиқ мекунад”, – гуфт вазири саноат ва технологияҳои нав.

TajRupt ташкилоти ғайриҳукуматӣ буда, тавсеъаи имконоти ҷавонони кишвар тариқи ба онҳо пешниҳод намудани донишу технологияҳои нодиру муосир дар соҳаи ҳуши маснуӣ аз ҷумлаи ҳадафҳояш ба шумор меравад.

TajRupt.AI бошад, аввалин озмоишгоҳи таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши ҳуши маснуӣ дар Осиёи Марказӣ буда, моҳи ноябри соли 2019 боз шуд.

Ҳадафи он – таъсиси маркази минтақавии таҳқиқотӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ унвон мешавад.

Муассис ва раиси он Азизҷон Азимӣ, тоҷики 23-сола, магистранти мактаби олии тиҷорати Стэнфорд ва мактаби Кеннедии Ҳарвард аст.

Соли 2018 ин ҷавон ба рӯйхати “30 то 30 сол”-и Форбс шомил гардид.

Қаблан яке аз ширкатҳои пешсафи технологии ҷаҳон Microsoft ташкилоти ғайритиҷоратии TajRupt.AI-и Тоҷикистонро ба сифати яке аз ғолибони барномаи глобалии таҳқиқотии худ – “AI for Health” барои роҳандозӣ кардани ҳуши маснуӣ дар бахши тандурустӣ интихоб карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...