Як сокини Фаронса Макронро шаппотӣ зад. “Таҳқири демократия”?

Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон дар деҳае дар ҷануби ин кишвар аз нафаре миёни издиҳоми одамон шаппотӣ хурд. Макрон, ки ба минтақаи Дром сафар карда буд, пас аз дидани як мактаб ба сӯи издиҳоми одамон, ки дар кӯча буданд рафт ва аввалин шахсе, ки бо ӯ рӯ ба рӯ шуд, ба рӯяш як шаппотӣ зад. Муҳофизони […]

Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон дар деҳае дар ҷануби ин кишвар аз нафаре миёни издиҳоми одамон шаппотӣ хурд.

Макрон, ки ба минтақаи Дром сафар карда буд, пас аз дидани як мактаб ба сӯи издиҳоми одамон, ки дар кӯча буданд рафт ва аввалин шахсе, ки бо ӯ рӯ ба рӯ шуд, ба рӯяш як шаппотӣ зад.

Муҳофизони Раисҷумҳури Фаронса ин мардро аз ӯ  дур карданд ва ба замин хобонданд.

Бино ба гузоришҳо, дар робита ба ин ҳодиса ду нафар боздошт шудаанд.

Сарвазири Фаронса Жан-Кастилӣ ин ҳодисаро "таҳқири демократия" номидааст, хабар медиҳад BBC Persian.

Наворҳои нашршудаи ин ҳодиса нишон медиҳанд, ки Макрон ба деворҳои амниятӣ наздик мешавад, то бо мардум аз наздик ошно шавад.

Ӯ бо марде, ки дар тан пироҳани сабз ва ниқоб дошт, дастфишорӣ мекунад ва мард фавран президенти Фаронсаро як шаппотӣ мезанад.

Тибқи иттилои расонаҳо ҳангоми шаппотӣ задан, ин мард гӯё: "Марг ба Макрон"- гуфта бошад.

Ҳувияти шахсе, ки Раисҷумҳури Фаронса Макронро торсакӣ задааст, маълум нест.

Ин навор баъд аз нашр дар Твиттер дар муддати 4 соат ҳудуди 5млн маротиба тамошо шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.