Душанбеву Тошканд беш аз 30 созишномаву қарордодҳои нав ба имзо мерасонанд

Дар барномаи сафар баргузории чорабиниҳои дуҷониба дар шаҳри Душанбе – маросими пешвози расмӣ, гуфтушунидҳои хосса ва ҷаласаи ҳайати васеи ҷонибҳо, пахши мустақими маросимҳои ифтитоҳи иншооти иҷтимоӣ, имзои бастаи санадҳои дуҷониба пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти сарвари давлати Ӯзбекистон. Дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид зиёда аз 30 санади ҳамкории фарогири соҳаҳои муҳими […]

Дар барномаи сафар баргузории чорабиниҳои дуҷониба дар шаҳри Душанбе – маросими пешвози расмӣ, гуфтушунидҳои хосса ва ҷаласаи ҳайати васеи ҷонибҳо, пахши мустақими маросимҳои ифтитоҳи иншооти иҷтимоӣ, имзои бастаи санадҳои дуҷониба пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти сарвари давлати Ӯзбекистон.

Дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид зиёда аз 30 санади ҳамкории фарогири соҳаҳои муҳими мутақобилан судманд ба имзо расад.

Зимни музокирот баррасии масоили муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии кишварҳо дар назар буда, ба муайян кардани “нуқтаҳои нав”-и ҳамкории мутақобила ва пешбурди лоиҳаҳои мушаххас оид ба рушди ҳамкории амалӣ дар дурнамои дарозмуҳлат таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Сарони давлатҳо ҳамчунин атрофи масоили рӯзмарраи байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд.

Ғайр аз ин, сарони кишварҳо дар чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ  дар пойтахти Тоҷикистон ширкат варзида, бо намояндагони аҳли ҷомеа вомехӯранд ва аз як қатор иншооти саноатӣ дар вилояти Суғд боздид мекунанд.

Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон таъкид месозад, ки тайи солҳои ахир муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба марҳилаи сифатан нав – сатҳи шарикии стратегӣ расида, муҳтавои мушаххаси амалӣ касб карданд.

Бо ташаббус ва ба туфайли иродаи қавии сиёсии сарони кишварҳо масоили муҳими рушди робитаҳо байни кишварҳо ва халқҳои дӯсту бародар роҳи ҳалли худро пайдо намуданд.

Ҳаҷми савдои дуҷониба бамаротиб афзуда, соли гузашта ба зиёда аз 500 млн доллар расид ва дар ин давра беш аз 200 корхонаи муштарак ттаъсис дода шуд. Табодули таҷриба дар соҳаи гуманитарӣ ва робитаҳои пурсамар байни минтақаҳо муваффақона дар ҳоли рушданд.

Дар шароити душвори пандемия Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамраъйӣ зоҳир намуда, дар рафъи оқибатҳои коронавирус ҳамдигарро дастгирӣ карданд.

Дар доираи омодагӣ ба сафари мазкур  ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматӣ, конфронси илмӣ-амалӣ, Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон гузаронида шуданд.

Дар остонаи сафар ҳамчунин аввалин Форуми байниминтақавӣ ва вохӯрии Шӯрои кории давлатҳо баргузор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.