Амалиёти “кӯдакон” дар Тоҷикистон: садамаи нақлиётиро кам кардан мехоҳанд

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон дар бораи баргузории амалиёти “Бачаҳо” дар роҳҳои мошингарди кишвар хабар медиҳад. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, амалиёт 10 июн оғоз гардида, то 20 июн давом мекунад. Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон дар бораи баргузории амалиёти “Бачаҳо” дар роҳҳои мошингарди кишвар хабар медиҳад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, амалиёт 10 июн оғоз гардида, то 20 июн давом мекунад.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо дар давраи таътили тобистона аст.

Аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост шудааст, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар poҳpo риоя намуда, бa кӯдакону наврасон қоидаҳои дурусти ҳаракатро фаҳмонанд ва риояи ҳатмии онҳоро талаб кунанд.

Тибқи маълумоти ВКД, давоми се моҳ танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудуди 60 садамаи нақлиёт рух дода, бар асари онҳо 12 нафар ҳалок ва 55 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Аз шумори умумии садамаҳои нақлиёт 36 адад ё худ 94,2%-аш ба ҳолатҳои бо автомашина пахш кардани пиёдагардон рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.