Эмомалӣ Раҳмон худаш ба истиқболи Мирзиёев ба фурӯдгоҳ рафт

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Ӯзбекистонро дар фурӯдгоҳ шахсан худ истиқбол гирифт. Шавкат Мирзиёев бо як сафари расмии давлатии дурӯза дақоиқе пеш вориди Душанбе шуд. 

Хабарнигори "Asia-Plus" хабар медиҳад, ки дар сари  роҳ аз фурудгоҳ то Қасри Миллат раисҷумҳури Ӯзбекистонро ҳазорҳо сокини пойтахт хушомадед гуфтанд. 

Ҳоло қисмати расмии дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри Миллат оғоз шуд. 

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон ин сафар бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Қарор аст дар ин сафар масоили ҳамкорӣ ва дӯстии ду кишвар дар тамоми бахшҳо ва натиҷагириву равандии созишномаҳои то ин замон имзошуда баррасӣ мешаванд.

Қарор аст фардо Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ биравад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...