Эмомалӣ Раҳмон худаш ба истиқболи Мирзиёев ба фурӯдгоҳ рафт

Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Ӯзбекистонро дар фурӯдгоҳ шахсан худ истиқбол гирифт. Шавкат Мирзиёев бо як сафари расмии давлатии дурӯза дақоиқе пеш вориди Душанбе шуд.  Хабарнигори "Asia-Plus" хабар медиҳад, ки дар сари  роҳ аз фурудгоҳ то Қасри Миллат раисҷумҳури Ӯзбекистонро ҳазорҳо сокини пойтахт хушомадед гуфтанд.  Ҳоло қисмати расмии дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри Миллат […]

Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Ӯзбекистонро дар фурӯдгоҳ шахсан худ истиқбол гирифт. Шавкат Мирзиёев бо як сафари расмии давлатии дурӯза дақоиқе пеш вориди Душанбе шуд. 

Хабарнигори "Asia-Plus" хабар медиҳад, ки дар сари  роҳ аз фурудгоҳ то Қасри Миллат раисҷумҳури Ӯзбекистонро ҳазорҳо сокини пойтахт хушомадед гуфтанд. 

Ҳоло қисмати расмии дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри Миллат оғоз шуд. 

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон ин сафар бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Қарор аст дар ин сафар масоили ҳамкорӣ ва дӯстии ду кишвар дар тамоми бахшҳо ва натиҷагириву равандии созишномаҳои то ин замон имзошуда баррасӣ мешаванд.

Қарор аст фардо Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ биравад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.