Дар Суғд ба хотири сафари Мирзиёев кадом роҳҳоро мебанданд?

Дар робита ба ташрифи сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба вилояти Суғд рӯзҳои 11 ва 12 июн чанде аз роҳҳои ташрифотӣ ва дигар роҳҳои вилоят баста мешаванд, хабар медиҳад шуъбаи БДА Раёсати вилоятии ВКД Тоҷикистон. 11 июн роҳҳо дар кӯчаҳои Н.Ҳувайдуллоев, Б.Ғафуров, Сомониён ва Гагарини шаҳри Бӯстон; шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд; кӯчаи маҳаллаи Арбоби ҷамоати Унҷӣ; кӯчаҳои марказии […]

Asia-Plus

Дар робита ба ташрифи сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба вилояти Суғд рӯзҳои 11 ва 12 июн чанде аз роҳҳои ташрифотӣ ва дигар роҳҳои вилоят баста мешаванд, хабар медиҳад шуъбаи БДА Раёсати вилоятии ВКД Тоҷикистон.

11 июн роҳҳо дар кӯчаҳои Н.Ҳувайдуллоев, Б.Ғафуров, Сомониён ва Гагарини шаҳри Бӯстон; шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд; кӯчаи маҳаллаи Арбоби ҷамоати Унҷӣ; кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон; роҳҳои ҷамоати Исмоил ва Д.Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров; чорраҳаи Ором, Кӯчаи Сирдарё, чорраҳаи Ракета ва Ягодка, кӯчаҳои Р.Ҷалил ва И.Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд баста мешаванд.

12 июн ҳаракати нақлиёт тариқи роҳҳои кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон; шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров; кӯчаҳои И.Сомонӣ, К.Хуҷандӣ, Р.Ҳоҷиев то микрорайони 8-уми шаҳри Хуҷанд; кӯчаҳои Н.Ҳувайдуллоев, Б.Ғафуров, Сомониён ва Гагарини шаҳри Бӯстон манъ мешавад.

Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ронандагони воситаҳои нақлиёт дархост мекунад, ки дар соатҳои баста шудани ин роҳҳо аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.