Валерий Аҳадов дар Маскав раҳбари Хонаи марказии кино шуд

Asia-Plus

Валерий Аҳадов – коргардони театру кино, сенариянавис, Ходими шоистаи санъати Русия ва Тоҷикистон роҳбари бадеии Хонаи марказии кинематографистон таъин шуд. Маълумот дар ин бора дар саҳифаи расмии Хонаи марказии кино дар Facebook нашр шудааст.

“Дар ин робита, натиҷаи озмуни бунёди логотипи нави Хонаи марказии кинематографистон, ки баҳор гузаронида будем, моҳи июн эълон мешаванд. Ин муддат барои он лозим аст, ки Валерий Боқиевич бо вариантҳои пешниҳодшуда шинос ва ба онҳо баҳо диҳад”, – гуфта мешавад дар эълон.

Валерий Аҳадов 9 августи соли 1945 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Маълумоти якумаш файласуф аст: соли 1963 ба риштаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав дохил шудааст.

Соли 1971 факултаи коргардонии Донишкадаи умумиттифоқии давлатии кинематография (ВГИК), гурӯҳи Е.Дзиганро хатм кардааст.

То замони таҳсил дар ин Донишкада дар киностудияи “Тоҷикфилм” ба ҳайси рӯшноидиҳанда ва ёвари наворбардори кор карда, дар чанде аз филмҳо нақш бозидааст. Муаллифи филмҳои мустанад мебошад.

Солҳои 80-ум муддати тӯлонӣ ба Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон роҳбарӣ карда, саркоргардони Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский буд.

Солҳои 1990-ум бо гурӯҳе аз актёрон ба Магнитогорск рафта, аз соли 1991 саркоргардони Театри драмавии Магнитогорск мебошад. Дар ин ҷо ба ташкилу баргузории ҷашнвораҳои кино ва театрӣ саҳм мегузорад.

Бино ба маълумоти Википедия, аз соли 2004 дотсенти Институти давлатии умумиттифоқии кинематографистони ФР (ВГИК) шаҳри Москва мебошад.

Бо унвонҳои Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон  (с.1973) ва санъати Русия, Академики Киноакадемияи «Ника» қадрдонӣ шуда, Узви раёсати Гилдияи кинорежисёрони Русия ва Узви доимии ҳайти ҳакамони кинофестивали «Сталкер» аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...