Валерий Аҳадов дар Маскав раҳбари Хонаи марказии кино шуд

Валерий Аҳадов – коргардони театру кино, сенариянавис, Ходими шоистаи санъати Русия ва Тоҷикистон роҳбари бадеии Хонаи марказии кинематографистон таъин шуд. Маълумот дар ин бора дар саҳифаи расмии Хонаи марказии кино дар Facebook нашр шудааст. “Дар ин робита, натиҷаи озмуни бунёди логотипи нави Хонаи марказии кинематографистон, ки баҳор гузаронида будем, моҳи июн эълон мешаванд. Ин муддат […]

Валерий Аҳадов – коргардони театру кино, сенариянавис, Ходими шоистаи санъати Русия ва Тоҷикистон роҳбари бадеии Хонаи марказии кинематографистон таъин шуд. Маълумот дар ин бора дар саҳифаи расмии Хонаи марказии кино дар Facebook нашр шудааст.

“Дар ин робита, натиҷаи озмуни бунёди логотипи нави Хонаи марказии кинематографистон, ки баҳор гузаронида будем, моҳи июн эълон мешаванд. Ин муддат барои он лозим аст, ки Валерий Боқиевич бо вариантҳои пешниҳодшуда шинос ва ба онҳо баҳо диҳад”, – гуфта мешавад дар эълон.

Валерий Аҳадов 9 августи соли 1945 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Маълумоти якумаш файласуф аст: соли 1963 ба риштаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав дохил шудааст.

Соли 1971 факултаи коргардонии Донишкадаи умумиттифоқии давлатии кинематография (ВГИК), гурӯҳи Е.Дзиганро хатм кардааст.

То замони таҳсил дар ин Донишкада дар киностудияи “Тоҷикфилм” ба ҳайси рӯшноидиҳанда ва ёвари наворбардори кор карда, дар чанде аз филмҳо нақш бозидааст. Муаллифи филмҳои мустанад мебошад.

Солҳои 80-ум муддати тӯлонӣ ба Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон роҳбарӣ карда, саркоргардони Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский буд.

Солҳои 1990-ум бо гурӯҳе аз актёрон ба Магнитогорск рафта, аз соли 1991 саркоргардони Театри драмавии Магнитогорск мебошад. Дар ин ҷо ба ташкилу баргузории ҷашнвораҳои кино ва театрӣ саҳм мегузорад.

Бино ба маълумоти Википедия, аз соли 2004 дотсенти Институти давлатии умумиттифоқии кинематографистони ФР (ВГИК) шаҳри Москва мебошад.

Бо унвонҳои Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон  (с.1973) ва санъати Русия, Академики Киноакадемияи «Ника» қадрдонӣ шуда, Узви раёсати Гилдияи кинорежисёрони Русия ва Узви доимии ҳайти ҳакамони кинофестивали «Сталкер» аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.