Бонки миллӣ мегӯяд дороиҳои “Тоҷиксодиротбонк” 3,1 ва аз “Агроинвестбонк” 25% бештар аз қарзҳояшон мебошанд

Ҷузъиёти тавозуни барҳамдиҳии  “Тоҷиксодиротбонк” (ТСБ) ва “Агроинвестбонк” танҳо баъди аз ҷониби додгоҳ таъин шудани мудири махсус ва тасдиқи нақшаи барҳамдиҳии ин бонкҳо дастрас мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ). Дар Бонки миллӣ бо истинод ба қонунгузорӣ зикр мекунанд, ки “муҳлати аз ҷониби суд таъин шудани мудири махсус ба ҳолатҳои мавҷуда вобаста аст”. […]

Ҷузъиёти тавозуни барҳамдиҳии  “Тоҷиксодиротбонк” (ТСБ) ва “Агроинвестбонк” танҳо баъди аз ҷониби додгоҳ таъин шудани мудири махсус ва тасдиқи нақшаи барҳамдиҳии ин бонкҳо дастрас мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Дар Бонки миллӣ бо истинод ба қонунгузорӣ зикр мекунанд, ки “муҳлати аз ҷониби суд таъин шудани мудири махсус ба ҳолатҳои мавҷуда вобаста аст”.

“… Дар муддати 60 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарори суд дар бораи парванда оид ба муфлисшавии ташклоти қарзӣ, мудири махсус нақшаи муфассали барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро таҳия ва ба тасдиқи суд пешниҳод мекунад, ки он инчунин аз тавозуни аввалияи дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ, ки ба ҳолати оғози барҳамдиҳӣ арзёбӣ шудаанд, иборат аст”, – гуфта мешавад дар посухи ба дасти “Азия-Плюс” расидаи Бонки миллӣ.

Тибқи маълумоти пешакии БМТ, ба ҳолати 30 апрели соли 2021 уҳдадориҳои тавозунии “Агроинвестбонк” 1 млрд 380,4 млн сомонӣ (қариб 122 млн доллар)-ро ташкил дода, ҳаҷми умумии дороиҳо (брутто)-и ташкилоти мазкур 1 млрд 826,9 млн  сомонӣ (зиёда аз 161 млн доллар) арзёбӣ мешаванд.

Уҳдадориҳои тавозунии “Тоҷиксодиротбонк” дар ин давра ба 1 млрд 263,7 млн сомонӣ (ҳудуди 112 млн доллар) баробар буда, арзиши умумии дороиҳо (брутто)-и ин бонк 3 млрд 922,2 млн сомонӣ (беш аз 346 млн доллар) арзёбӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки иҷозатномаҳои ин ду бонкро 21 майи соли равон Бонки миллӣ бозхонда, барои барҳамдиҳии бонкҳо бояд бо қарори суд мудирони махсус таъин шаванд.

Бино ба маълумоти БМТ, шумори умумии амонатгузорони “Агроинвестбонк” айни замон 27,7 ҳазор нафарро ташкил дода, амонати 23,7 ҳазор (86%) нафари онҳо пурра ва 4 ҳазор нафарашон қисман аз ҷониби Фонди суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ  ҷуброн мешавад.

Теъдоди умуми амонтагузорони “Тоҷиксодиротбонк” 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Пасандози 3,5 ҳазор (64%) нафар пурра ва 2 ҳазор амонатгузорон қисман аз ҷониби Фонди суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ  ҷуброн мешавад.

Пардохти ҷуброни суғуртавӣ ба амонатгузорони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бо гузашти 14 рӯз аз замони қабули қарори суд дар бораи барҳамдиҳии ин ташкилотҳои қарзӣ дар бонк-агент (ба гумони ғолиб, дар БДА “Амонатбонк”) оғоз мегардад.

Қисмати боқимондаи қарзҳо аз ҳисоби фурӯши дороиҳои ин бонкҳо аз ҷониби мудири махсус баргардонида мешавад, гуфта мешавад дар фарҷоми посухи Бонки миллӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.