Ҷараёни барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” оғоз шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи оғози ҷараёни барҳамдиҳии замоне бонкҳои нисбатан бузурги Тоҷикистон – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” қарор қабул кард.

Бо қарорҳои суд мудирони махсус таъин шуданд, ки ба қонеъ намудани талаботи амонатгузорону қарздеҳон мутобиқи қонуни ҶТ “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” машғул мешаванд.

Ба ҷараёни барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” Раҳимҷон Шарифов ва “Тоҷиксодиротбонк” – Фаррух Нуриддинов роҳбарӣ мекунанд, ки мутаносибан мудирони махсус дар ин бонкҳо таъин шудаанд, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Мувофиқи қонунгузорӣ, дар навбати аввал талаботи амонатгузорони воқеӣ таъмин карда шуда, ба онҳо бидуни маҳдудият дар ҳаҷми то 30 ҳазор сомонӣ бо асъори миллӣ ва то 21 ҳазор сомонӣ бо асъори хориҷӣ пасандозашон баргардонида мешавад.

Ин маблағҳо аз ҳисоби Фонди суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда мешаванд.

Пардохти ҷуброни суғуртавӣ ба амонатгузорон бо гузашти 14 рӯз аз замони қабули қарори суд дар бораи барҳамдиҳии ин ташкилотҳои қарзӣ дар бонк-агент (ба гумони ғолиб, дар БДА “Амонатбонк”) оғоз мегардад.

Бино ба маълумоти БМТ, шумори умумии амонатгузорони “Агроинвестбонк” айни замон 27,7 ҳазор нафарро ташкил дода, амонати 23,7 ҳазор (86%) нафари онҳо пурра ва 4 ҳазор нафарашон қисман аз ҷониби Фонди суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ  ҷуброн мешавад.

Теъдоди умуми амонатгузорони “Тоҷиксодиротбонк” 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Пасандози 3,5 ҳазор (64%) нафар пурра ва 2 ҳазор амонатгузорон қисман аз ҷониби Фонди суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ  ҷуброн мешавад.

Маблағи боқимондаи  амонатҳои шахсони воқеӣ дар баробари қарзҳо ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳисоби фурӯши дороиҳои ин бонкҳо пардохт мешавад.

Мувофиқи қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, маблағи бадастомада аз ҳисоби фурӯши амволи ин бонкҳои мавриди барҳамдиҳӣ қарордошта ба  амонатгузорон аз рӯйи чунин навбат пардохт карда мешаванд:

– маблағҳое, ки барои раванди муфлисшавӣ ва фаъолияти мудири махсус харҷ шудаанд;

– музди меҳнати кормандони ташкилоти қарзӣ;

– маблағҳое, ки ҳукумат ё БМТ ба ташкилоти қарзӣ пешниҳод кардаанд;

– ҳама гуна талаби пасандоздорон, ки пардохт нашудааст: шахсони воқеӣ, ташкилоту дигар шахсони ҳуқуқӣ ва дигарон.

Дар БМТ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки уҳдадориҳои тавозунии “Агроинвестбонк” 1 млрд 380,4 млн сомонӣ (қариб 122 млн доллар)-ро ташкил дода, ҳаҷми умумии дороиҳо (брутто)-и ташкилоти мазкур 1 млрд 826,9 млн  сомонӣ (зиёда аз 161 млн доллар) арзёбӣ мешаванд.

Уҳдадориҳои тавозунии “Тоҷиксодиротбонк” дар ин давра ба 1 млрд 263,7 млн сомонӣ (ҳудуди 112 млн доллар) баробар буда, арзиши умумии дороиҳо (брутто)-и ин бонк 3 млрд 922,2 млн сомонӣ (беш аз 346 млн доллар) арзёбӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки иҷозатномаҳои "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро 21 майи соли равон Бонки миллӣ бозхонд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...