Пешгӯйии боронҳои шадид ва раъду барқ дар баъзе минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳии ҷумҳурӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба Агентии обуҳавошиносиии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик, бахусус соатҳои шабонаву субҳгоҳӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, қисмати ғарбии ВМКБ боронҳои шадид ва раъду барқ дар назар аст. Гуфта мешавад, ғайр аз ин, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бар асари бодҳои […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба Агентии обуҳавошиносиии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик, бахусус соатҳои шабонаву субҳгоҳӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, қисмати ғарбии ВМКБ боронҳои шадид ва раъду барқ дар назар аст.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бар асари бодҳои шадид эҳтимоли гарду чанг вуҷуд дорад.

Дар ин робита Кумита ба ронандагон ва дӯстдорону ошиқони кӯҳгардӣ, сайёҳии кӯҳӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, аз ҷумла риояи фосилаи ҳаракати мошинҳо хеле муҳим аст. Дар ин гуна обу ҳаво резиши санг ва омадани селҳо дар минтақаҳои мухталиф имкон дорад.

Зикр мегардад, ки бо мақсади пешгирӣ аз тағйири авзоъи гирифторони бемориҳои дилу раг, қанд ва ғайра, КҲФ хоҳиш мекунад ин беморон бештар аз дигарон нозири вазъи саломатии худ бошанд. Ҳамеша бо худ доруҳои заруриро дошта ва тавсияҳои духтуронро дар ин гуна ҳолатҳои ҷиддан риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.