Тоҷикистон аз интиқоли барқ 30% бештар даромад гирифт

Дар зарфи 4 моҳи соли равон аз содироти барқ Тоҷикистон 11,2 млн доллар маблағ ба даст овард, ки 30,8% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ. Аз ба кадом кишварҳо ба чӣ миқдор интиқол ёфтани барқ аз Тоҷикистон дар ин давра ишора нашудааст. Лекин содироти барқ аз […]

Дар зарфи 4 моҳи соли равон аз содироти барқ Тоҷикистон 11,2 млн доллар маблағ ба даст овард, ки 30,8% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Аз ба кадом кишварҳо ба чӣ миқдор интиқол ёфтани барқ аз Тоҷикистон дар ин давра ишора нашудааст.

Лекин содироти барқ аз Тоҷикистон айни замон танҳо ба ду кишвар – Афғонистон ва Ӯзбекистон имконпазир аст.

Қаблан барқ аз Тоҷикистон дар ҳаҷми начандон зиёд ҳамчунин ба Қирғизистон интиқол дода мешуд, лекин пас аз муноқишаи мусаллаҳона бо ин кишвар охири моҳи апрели ҳамин сол ҳама гуна робитаҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба қатъ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, вазири энергетикаи Ӯзбекистон Алишер Султонов чанд рӯз қабл дар мусоҳиба ба ВАО-и Ӯзбекистон хабар дод, ки воридоти неруи барқ аз Тоҷикистон дар мавсими баҳору тобистон ду сол боз пайдарпай кам мешавад.

Ба ин тариқ, ба гуфтаи ӯ, давоми моҳҳои май-сентябри соли 2020 дар бораи таҳвили 1,2 млрд кВт/соат барқ қарордод ҳосил шуда, лекин дар амал Ӯзбекистон ҳамагӣ 566 млн кВт/соат барқ гирифт.

Вазири кишвари ҳамсоя гуфт, ин ҷо касе айбдор нест, зеро чунин ҳолат бар асари сабаҳои воқеӣ – камобӣ ба вуҷуд омад.

Ӯ таъкид дошт, ки мувофиқи қарордоди моҳи май имзошуда байни ширкатҳои энергетикии кишварҳо, дар мавсими тобистони имсола аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 197,4 млн кВт/соат неруи барқ интиқол дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 56,4 млн кВт/соат неруи барқ ба хориҷи кишвар содир кард, ки 40% камтар нисбат ба соли 2019 аст. Ин ба он маънидод мешавад, ки бар асари камобӣ дар дохили худи ҷумҳурӣ камбуди шадиди барқ эҳсос мешуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.