Созмони хайриявии байналмилалии “Эҳёи Сомониён” дар Вахш мактаб-интернат месозад. Кори бунёди онро Эмомалӣ Раҳмон оғоз кард

Санги асоси мактаб-интенати ба номи Мирзо Сатторов дар ноҳияи Вахшро имрӯз 15 июн Президенти кишвар Эмамалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба вилояти Хатлон гузошт. Бино ба иттиллои Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, зимни муарифии лоиҳаи мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарасторон ба Президент гуфт шудааст, ки ин иншоот барои 480 нафар бо шароиту талаботи байналминалӣ сохта […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Санги асоси мактаб-интенати ба номи Мирзо Сатторов дар ноҳияи Вахшро имрӯз 15 июн Президенти кишвар Эмамалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба вилояти Хатлон гузошт.

Бино ба иттиллои Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, зимни муарифии лоиҳаи мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарасторон ба Президент гуфт шудааст, ки ин иншоот барои 480 нафар бо шароиту талаботи байналминалӣ сохта мешавад.

Мувофиқи лоиҳа ғайр аз бинои асосии мактаб-интернат хобгоҳ ва ошхона барои 480 нафар, бунгоҳи тиббӣ бо 6 ҳуҷра ва хобгоҳ барои наздикони таълимгирандагон сохт мешавад.

Мувофиқи ваъдае, ки ба роҳбари давлат дода шуд, корҳои сохтмонӣ бояд то соли 2023 ба анҷом расонида шавад.

Ҳамчунин зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолият, ки аз офати табиӣ зарар дида  буданд, санги асоси муассисаи таълими деҳаи мазкур барои 480 нафар гузошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 15-июни бо як сафар кори аз рафти сохтмони манзилҳои зист барои зарардидагони деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш дидан намуда, бо мардуми деҳаҳои номбурда суҳбату вохӯриҳо кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ба сокинони деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол гуфтааст, ки рафти сохтмони манзилҳои зисташон ва барқароркунии инфрасохторҳои зарурӣ зери назорати ҳукуматанд ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода дода хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки 11 май бар асари омадани сел хонаҳои сокнинони деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш хароб шуда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.