Абу-Заби барои сайёҳон аз Тоҷикистон карантин ҷорӣ мекунад

Asia-Plus

Раёсати фарҳанг ва сайёҳии Абу-Заби феҳристи кишварҳоеро, ки барои сайёҳонаш бо расидан ба пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб аз карантини 10-рӯза гузаштанашон лозим нест, нав кард, хабар медиҳад RUSSIAN EMIRATES.

Аз ҷумла Тоҷикистону Британияи Кабир аз рӯйхати “сабз” хориҷ шуда, Малта ба он илова шуд. Мебояд хотиррасон намуд, ки АМА низ дар рӯйхати “сурх”-и аз ҷониби ҳукумати Британияи Кабир тасдиқшуда қарор дошта, бо расидан ба ин кишвар сайёҳон аз АМА муддати 10 рӯз дар меҳмонхонаҳо ба карантин гирифта мешаванд.

Гуфта мешавад, то 13 июн, дар рӯйхати “сабз”-и Абу-Даби аз кишварҳои ИДМ Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Молдова ва Ӯзбекистон боқӣ мондаанд.

Барои сайёҳоне, ки аз ин давлатҳо ба АМА меоянд, риояи карантин пас аз расидан ба Абу-Заби ҳатмӣ нест, лекин сайёҳону шаҳрвандон аз гирифтани ПСР-тести коронавирус пас аз фуруд омадан озод намешаванд.

Ин ҷо сари кишварҳое сухан меравад, ки аз он сайёҳон меоянд, на дар бораи кишвар ва шаҳрвандӣ.

Сайёҳоне, ки аз кишварҳои шомили рӯйхати “сабз” низ меоянд, пас аз 6 рӯзи вуруд ба қаламрави пойтахти Аморот ПСР-тест месупоранд.

Сайёҳони боқимонда кишварҳо бо расидан ба ин кишвар ва пас аз 8 рӯзи вуруд ба қаламрави Абу-Даби ПСР-тест супорида, инчунин ба карантини 10-рӯзаи ҳатмӣ гирифта мешаванд.

Алӣ Ал Шайба, директори иҷроияи Раёсати фарҳанг ва сайёҳии пойтахти АМА қаблан изҳор дошта буд, ки Абу Заби ба нақша гирифтааст, ки карантинро ба ҳамаи сайёҳони хориҷӣ то 1 июли соли 2021 бекор кунад.

Ӯ саҳеҳтар шарҳ додааст, ки Аморот ба низоми ПСР-тесте гузаштанист, ки айни замон дар Дубай истифода мешавад.

“Протоколҳои тестгирӣ барои сайёҳон аз кишварҳои дорои сатҳи баланд ва пасти хавф фарқ мекунад, лекин карантин баррасӣ намешавад”, – иброз доштааст Алӣ Ал Шайба.

Ҳамчунин равуо байни Дубай ва Абу-Заби сабуктар карда мешавад. “Мо метавонем барои сайёҳон расмиёти махсусе ҷорӣ кунем, то ки гузаштани сарҳад бештар осону қулайтар шавад”, – илова кардааст Ал Шайба.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...