Саидмукаррам Абдуқодирзода: “Имсол ба Ҳаҷҷ рафтани мардуми Тоҷикистон фарз нест”

Саидмукаррам Абдуқодирзода Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, ки имсол барои ҳеч фарди мусалмони Тоҷикистон рафтан ба Ҳаҷ фарз нест. Ин нуктаро Абдуқодирзода, дар як суҳбат бо хабаргузории давлатии "Ховар" гуфтааст.  Абдуқодирзода гуфтааст, ки ба далели ин ки  "дар ин сафар монеа ва хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад, рафтан ба Ҳаҷҷ фарз нест".  "Гап дар […]

Парвинаи Зуришо, Asia-Plus

Саидмукаррам Абдуқодирзода Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, ки имсол барои ҳеч фарди мусалмони Тоҷикистон рафтан ба Ҳаҷ фарз нест. Ин нуктаро Абдуқодирзода, дар як суҳбат бо хабаргузории давлатии "Ховар" гуфтааст. 

Абдуқодирзода гуфтааст, ки ба далели ин ки  "дар ин сафар монеа ва хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад, рафтан ба Ҳаҷҷ фарз нест". 

"Гап дар бораи хуруҷи COVID-19 меравад, ки ҳанӯз хавфи он аз байн нарафтааст. Мардуми Тоҷикистон бояд хотирҷамъ бошанд ва аз ин ҷо дуо кунанд, то ки Худованди азза ва ҷалл ҳарчӣ зудтар ин балову вабову хатарро бартараф кунад ва  фарз ё ҳарам дубора барои мусулмонон  кушода шавад», — изҳор кардааст дар ин суҳбат муфтии Тоҷикистон.

Ба назари раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ин бори аввал нест, ки ҳаҷ кардан барои мусалмонон дар ҳарам ё ин ки Каъбатуллоҳ манъ карда мешавад, балки бори панҷум аст, ки дар тӯли таърих ин иттифоқ меуфтад.   

Абдуқодирзода машварат додааст, ки "онҳое, ки нияти ҳаҷ  намуда,  сафархарҷиашонро ҷамъ намудаанд, хуб мешавад, агар он маблағро барои ободонии манзили зисти хеш ва  атроф сарф намуда, ба оилаҳои камбизоату ниёзанд, инчунин шахсони маъюбу ятим дасти кӯмак дароз кунанд".

Бояд гуфт, ки подшоҳии Арабистони Саудӣ 12-уми июн эълон кард, ки имсол ба мусалмонони берунӣ адои маросими Ҳаҷҷ иҷоза намешавад. Адои маросими ҳаҷ танҳо ба мусалмонони синни аз 18 то 65-сола, ки дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекунанду воксини  гирифтаанд ва дигар бемориҳои музмин надоранд, иҷоза дода мешавад. Хоҳишмандони адои маросими Ҳаҷҷ дар ин кишвар бояд дархости онлайнӣ пешниҳод намоянд.

Дар хабари Вазорати Ҳаҷҷи ин кишвар гуфта мешавад, шумори умумии зойирин набояд аз 60 ҳазор нафар зиёд бошад.

Дар бораи қоидаҳои нав Вазорати умури ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ хабар дод. Дар иттилоияи расмии он зикр мегардад, ки ҳукумат “ҳамеша ба амният ва солимии зойирин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онро афзалияти асосии худ мешуморад”.

Сухангӯйи Кумитаи дини Тоҷикистон Афшин Муқим низ дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook навиштааст. Маросими имсолаи Ҳаҷҷ аз 17 то 22 июл баргузор мешавад.

Соли дувум аст, ки бар асари ҳамагирии вируси куруно шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари мусалмонони кишварҳои дигар наметавонанд ба адои масросими Ҳаҷҷ бираванд. Вуруд ба Арабистони Саудӣ барои хориҷиён, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон охии моҳи феврали соли 2020 бар асари хуруҷи сирояти коронавирус муваққтан манъ шуда буд.

Ҳамасола дар мавсими Ҳаҷҷ қариб 2,5 млн нафар мусалмонон аз саросари дунё барои иҷрои яке аз рукнҳои асосии ислом ба Арабистони Саудӣ мераванд.

Дар Арабистони Саудӣ зиёда аз 460 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфта, беш аз 7,5 ҳазор нафар беморон бар асари он фавтиданд. Аз 1 августи имсол ҳукумат ваксина гирифтанро барои ворид шудан ба муассисаҳои давлативу хусусӣ ва фароғатӣ, инчунин истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ ҳатмӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.