Мунтахаби Тоҷикистон Минямарро 4:0 шикаст дод. Ба марҳилаи сеюм мегузарад?

Asia-Plus

Мунтахаби футболи Тоҷикистон бар дастаи Минямар бо ҳисоби 4 бар 0 пирӯз шуд. Оё ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 роҳ меёбад?

Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳарчанд Тоҷикистон бо ҳисоби бузург Миянмарро шикаст доду дар гуруҳи худаш мақоми дувумро гирифт, аммо ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобӣ роҳ ёфтанаш ба натиҷаи бозии дастаҳои дигар дар гуруҳҳои дигар, бастагӣ дорад.

Голҳоро ба дарвозаи Минямар бозигарони тоҷик Комрона Турсунов, Манучехра Ҷалилов, Шериддин Бобоев ва Шаҳром Самиев заданд. 

Натиҷаи бозиҳои гуруҳҳои дигар нимашаби имрӯз маълум хоҳад шуд. Тоҷикистон ҳеч гоҳе дар таърихи футболи худ ба марҳилаи сеюми бозиҳои гуруҳии Ҷоми ҷаҳон роҳ наёфтааст. Дар сурати раҳ ёфтан Тоҷикистон мустақиман ба Қаҳрамонии футболи Осиё роҳ пайдо хоҳад кард. 

Дар бозии имрӯз, ҳамчунин дар гуруҳи F мунтахаби Қирғизиcтон аз тими Ҷопон 5 бар 1 шикаст хӯрд.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...