Президент дар Данғара Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоиро боз кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни сафар ба зодгоҳи худ – ноҳияи Данғара дар деҳоти Корези Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”-ро ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, муассиса аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизода бунёд гардида, имкони қабули 720 донишҷӯро дар як баст дорад ва дар он донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, фармавсевтӣ, момодоягӣ ва кори дандонсозӣ омода карда мешаванд.

Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонии бинои нави хобгоҳ барои 320 донишҷӯ санги асос гузошт. Аз рӯи тарҳ бинои хобгоҳ 9 ошёна сохта шуда, он бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои барҳаво, рахти хоб, ҷевон ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти муҳим таъмин карда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизодаро барои саҳм гузоштан дар тадбирҳои ободонӣ шоистаи таҳсин хонд.

Гуфта мешавад, сарвари давлат ҳамчунин бинои нави шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор дод.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз шуда, фармоишгар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумат мебошад.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат гӯшаи олами ҳайвоноту наботот ва имкониятҳои экологии Тоҷикистон, ки дар он  ҳайвоноти нодир ва парандаҳои зебо ба таври сунъӣ сохта шудааст, муаррифӣ гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...