Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон ҷарроҳии қалб шудааст

Asia-Plus

Ҳикматулло Сайфуллозода узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистонро дар зиндон ҷарроҳии қалб кардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба наздикони Сайфуллозода хабар додааст.

Ҷарроҳӣ рӯзи 16-уми июн сурат гирифта, ки 3 соат  тӯл кашидааст. Ба гуфтаи наздикони Сайфуллозода пизишкон гуфтаанд, ки ҷарроҳӣ бомуваффақият пушти сар шуд ва як ғадуди зиёдатирро аз қалби ӯ берун кардаанд.

Ҳикматулло Сайфуллозодаи 70-сола, ки узви Шӯрои сиёсӣ ва сардабири нашрияи ҳизбӣ буд, соли 2015 боздошт ва ба 16 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар моҳи апрели имсол, дар пайи бад шудани вазъи саломатиаш, дар беморхонаи маҳбас бистарӣ карданд.

Як масъули маҳбаси Ваҳдат рӯзи 16-уми июн бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҷарроҳии қалби ин маҳбусро Сафархон Латифов, сарпизишики беморхонаи Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия дар Ваҳдат анҷом дод.

Пайвандони Сайфуллозода гуфтанд, ки аз ҷарроҳӣ шудани ӯ аз чанд рӯзи пеш хабар доштанд.

Фароғат Сангинова, ҳамсари ӯ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, як пизишки маҳбас пас аз анҷоми ҷарроҳӣ ба назадаш омад ва амали ҷарроҳиро хуб арзёбӣ кард.

Ӯ гуфтааст, чанд соли ахир шавҳарашро як ғадуде, ки дар қалбаш пайдо шуда буд, азият медод. “Пизишкон бисёр муносибати хуб карданд. Хабари хуби дигар ин буд, ки ба ман иҷозаи мулоқот бо шавҳарамро доданд ва гуфтанд, ки баъди ба ҳуш омаданаш метавонам беморхона дарояму бубинам. Охирин маротиба дар моҳи ноябр мулоқот доштам ва се моҳе, ки ӯ дар беморхона бистарӣ буд, иҷозат надода буданд. Вазъияти зиндагиям хуб нест, мушкили иҷтимоӣ дорам ва ба кумак ниёз дорам.”,–гуфтааст ҳамсари Сайфуллозода.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва масъули ҳафтаномаи "Наҷот" буд. Ӯро дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 боздошту зиндонӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...