Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон ҷарроҳии қалб шудааст

Ҳикматулло Сайфуллозода узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистонро дар зиндон ҷарроҳии қалб кардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба наздикони Сайфуллозода хабар додааст. Ҷарроҳӣ рӯзи 16-уми июн сурат гирифта, ки 3 соат  тӯл кашидааст. Ба гуфтаи наздикони Сайфуллозода пизишкон гуфтаанд, ки ҷарроҳӣ бомуваффақият пушти сар шуд ва як ғадуди зиёдатирро […]

Ҳикматулло Сайфуллозода узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистонро дар зиндон ҷарроҳии қалб кардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба наздикони Сайфуллозода хабар додааст.

Ҷарроҳӣ рӯзи 16-уми июн сурат гирифта, ки 3 соат  тӯл кашидааст. Ба гуфтаи наздикони Сайфуллозода пизишкон гуфтаанд, ки ҷарроҳӣ бомуваффақият пушти сар шуд ва як ғадуди зиёдатирро аз қалби ӯ берун кардаанд.

Ҳикматулло Сайфуллозодаи 70-сола, ки узви Шӯрои сиёсӣ ва сардабири нашрияи ҳизбӣ буд, соли 2015 боздошт ва ба 16 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар моҳи апрели имсол, дар пайи бад шудани вазъи саломатиаш, дар беморхонаи маҳбас бистарӣ карданд.

Як масъули маҳбаси Ваҳдат рӯзи 16-уми июн бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҷарроҳии қалби ин маҳбусро Сафархон Латифов, сарпизишики беморхонаи Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия дар Ваҳдат анҷом дод.

Пайвандони Сайфуллозода гуфтанд, ки аз ҷарроҳӣ шудани ӯ аз чанд рӯзи пеш хабар доштанд.

Фароғат Сангинова, ҳамсари ӯ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, як пизишки маҳбас пас аз анҷоми ҷарроҳӣ ба назадаш омад ва амали ҷарроҳиро хуб арзёбӣ кард.

Ӯ гуфтааст, чанд соли ахир шавҳарашро як ғадуде, ки дар қалбаш пайдо шуда буд, азият медод. “Пизишкон бисёр муносибати хуб карданд. Хабари хуби дигар ин буд, ки ба ман иҷозаи мулоқот бо шавҳарамро доданд ва гуфтанд, ки баъди ба ҳуш омаданаш метавонам беморхона дарояму бубинам. Охирин маротиба дар моҳи ноябр мулоқот доштам ва се моҳе, ки ӯ дар беморхона бистарӣ буд, иҷозат надода буданд. Вазъияти зиндагиям хуб нест, мушкили иҷтимоӣ дорам ва ба кумак ниёз дорам.”,–гуфтааст ҳамсари Сайфуллозода.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва масъули ҳафтаномаи "Наҷот" буд. Ӯро дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 боздошту зиндонӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.