Ниҳоят: Чин ба Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Қалъаи Хумб-Ванҷ 204 млн доллар медиҳад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон мактубҳои табодулиро оид ба татбиқи “Лоиҳаи қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма” тасдиқ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ. Дар мактубҳои табодулии рӯзи 16 июн тасдиқшуда байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин дар бораи кумаки бебозгашти молиявии Чин ба маблағи ҳудуди 204 млн доллар барои […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон мактубҳои табодулиро оид ба татбиқи “Лоиҳаи қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма” тасдиқ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ.

Дар мактубҳои табодулии рӯзи 16 июн тасдиқшуда байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин дар бораи кумаки бебозгашти молиявии Чин ба маблағи ҳудуди 204 млн доллар барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингард аз Қалъаи Хумб то Ванҷ (то сарҳади ноҳияи Рӯшон) сухан меравад.

Ин қитъаи масофааш 96 километр яке аз қисматҳои душворгузари роҳи мошингарди Душанбе-Кулма шуморида мешавад.

Қаблан, моҳи октябри соли 2019 зикр гардида буд, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаро дар бораи аз ҷониби Чин ҷудо гардидани кумаки бебозгашт ба маблағи ҳудуди 360 млн доллар тасдиқ намуд, ки қисмате аз ин маблағ барои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ пешбинӣ гардида буд.

Гуфта мешуд, созишнома 15 июни соли 2019 зимни сафари раиси Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон аз ҷониби ҳукуматҳои ҳар ду кишвар имзо шудааст.

Моҳи августи соли гузашта президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ изҳор дошт, ки корҳои таъмиру навсозии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ то охири соли 2020 оғоз мегарданд.

Президент зикр кард, ки паҳншавии пандемияи каронавирус корҳои вобаста ба имзои санадҳои дахлдорро доир ба амалисозии лоиҳаи корҳои таъмиру навсозии роҳ ба таъхир андохт ва таъкид дошт, ки барои таъмиру таҷдиди ин қитъаи роҳ 2 млрд сомонӣ (зиёда аз 190 млн доллар бо қурби миёнаи соли 2020) равона мегардад.

Дар назар аст, ки ба корҳои таъмиру таҷдиди  ин қитъаи роҳ яке аз ширкатҳои сохтмони Чин машғул хоҳад шуд, ки бар асоси озмун интихоб мешавад.

Дар доираи корҳои таҷдид дар ин қитъа сохтмони роҳи духатаи дараҷаи 3-юми техникӣ, ҳамчунин бунёди ду нақб (масофаашон 5,2 км), айвончаҳои муҳофизат аз тармафароӣ (галереяҳо) бо масофаи умумии 490 метр, 15 пул (масофаашон 634 метр) ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.