Аввалин консерти Манижа пас аз Евровидение дар Маскав бо сабаби коронавирус бекор шуд

Рӯзи 8 июл овозхон Манижа, ки дар озмуни мусиқии “Евровидение” бо суруди “Русская женщина” зинаи нуҳумро касб кард, 30-сола мешавад. Ин ҷашнро сароянда бо консерт дар толори “Крокус Сити Холл”-и шаҳри Маскав таҷлил карданӣ буд, ки аввалин ҳунарнамоиаш пас аз иштирок дар озмуни “Евровидение” дар Роттердам буд. Лекин бо сабаби сабти афзоиши шумори сироятёфтагон аз […]

Рӯзи 8 июл овозхон Манижа, ки дар озмуни мусиқии “Евровидение” бо суруди “Русская женщина” зинаи нуҳумро касб кард, 30-сола мешавад.

Ин ҷашнро сароянда бо консерт дар толори “Крокус Сити Холл”-и шаҳри Маскав таҷлил карданӣ буд, ки аввалин ҳунарнамоиаш пас аз иштирок дар озмуни “Евровидение” дар Роттердам буд.

Лекин бо сабаби сабти афзоиши шумори сироятёфтагон аз коронавирус, дар шаҳри Маскав маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда, онҳо ба баргузории чорабиниҳои оммавӣ низ дахл карданд. Дар бораи баргузор нашудани консерташ рӯзи 8 июл Манижа дар Instagram хабар дод.

“Консерт дар ҷашни зодрӯзам, 8 июл мутаассифона, бинобар сабаби аз 15 июн то 15 июл дар вилояти Маскав манъ шудани баргузории чорабинищои омммавӣ доир намегардад”, – навиштааст овозхон.

Манижа илова кардааст, ки рӯзи баргузории консерт ба 19 сентябр гузаронида шуда, соати 20:00 оғоз мегардад. Ҳамаи билетҳои қаблан харидашуда ҳаққонӣ щисобида шуда, фурӯши билетҳо ба рӯзи нави консерт оғоз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.