Сурайё Қосимоваро $1,300 ҷарима кардаанд. “Маош мегирифтаасту кор намерафтааст”

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон овозхони маъруфи кишвар Сурайё Қосимоваро ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 1300 доллар) ҷарима кардааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. Сароянда пас аз тафтиши фаъолияти молиявии Шӯъбаи фарҳанги Кӯлоб аз ҷониби Агентии мазкур ва Палатаи ҳисоб ҷарима шудааст. Санҷиш ошкор кардааст, ки Сурайё Қосимова дар шаҳри […]

Радиои Озодӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон овозхони маъруфи кишвар Сурайё Қосимоваро ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 1300 доллар) ҷарима кардааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Сароянда пас аз тафтиши фаъолияти молиявии Шӯъбаи фарҳанги Кӯлоб аз ҷониби Агентии мазкур ва Палатаи ҳисоб ҷарима шудааст.

Санҷиш ошкор кардааст, ки Сурайё Қосимова дар шаҳри Душанбе зиндагӣ карда, лекин ҳамчун овозхони ансамбли “Фалак” музди меҳнат мегирад.

Садбарг Қосимова, хоҳари ҳунарманд гуфтааст, вазифаи дастаи ҳунарие, ки Сурайё коргари он аст, ширкат дар чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳру вилоят ба шумор меравад ва Сурайё ҳарчанд дар Кӯлоб набуд, вале пайваста корашро сари вақт иҷро мекард.

“52 сол аст, ки дар саҳна аст. Ҷарима карданаш шояд гапи калон набошад, вале ин ба иззати ҳунарманд расидан аст. Бисёр вақт барои ширкат дар чорабиниҳо ҳунармандонро пули зиёд дода меоранд, вале Сурайё ройгон дар чорабиниҳои расмӣ суруд мехонд. Рости гап чизеро нафаҳмидам, ҳайрон шудам”, – гуфтааст ӯ.

Талошҳои тамос гирифтан бо Сурайё Қосимова бенатиҷа анҷомиданд. Садбарг Қосимова изҳор доштааст, ки ӯ ҳоло ҳамроҳ бо духтараш, Фарзонаи Хуршед ба Узбекистон барои ширкат дар кадом чорабиние рафтааст.

Дар Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб хабари ҷарима шудани Сурайёро тасдиқ карданд. Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ин ниҳод гуфтааст, се моҳ боз фаъолияти молиявии тамоми ташкилотҳо дар Кӯлоб санҷида мешаванд ва ҷаримаи Сурайё натиҷаи ҳамин тафтиш аст.

“Кормандони Агентӣ ва Палатаи ҳисоб гуфтанд, ки камбудиҳоро ошкор кардаанд, лекин ҳоло аниқ барои мо нагуфтанд, ки чӣ камбудӣ пайдо кардаанд. Фақат аз чанд камбудии ёфтааш, монанди гуё Сурайё кор нокарда маош гирифтааст, хабардор шудем”, – гуфтааст як корманди Раёсат.

Бо истинод ба нашрияи “Пайк” гуфта мешавад, Сурайё Қосимова маблағи ҷаримаро пардохт кардааст. Аловуддин Давлатов, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон навиштааст, ки ҳунарманд кори худро хуб анҷом медиҳад ва ҳамеша вазифаи ба ӯҳдааш гузоштаро иҷро кардааст.

Сурайё Қосимова, ҳунарманди 64-сола то се соли пеш раҳбари дастаи “Фалак”-и назди Шӯъбаи фарҳанги Кӯлоб буд. Ӯро аз вазифа барканор карда буданд, вале ҳамчун корманди одӣ дар ин даста кор мекард.

Сурайё Қосимова аз хурдсолӣ дар саҳнаи ҳунар аст. Ҳоло духтаронаш, Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед низ сарояндагӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.