Нигаронии Ёдгор Файзов аз ноамниҳо дар Афғонистон ва эҳтимоли пазируфтани паноҳандаҳои ин кишвар

Дар машварати таъҷилӣ оид ба вазъ дар сарҳад раиси ВМКБ Ёдгор Файзов изҳор дошт, ки вазъи ноамн дар сарҳад бо Афғонистон ҳушдорест барои зарурати ҳифзи суботи дохилӣ. “Дар сурати убури имконпазири ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мо ба ҳимояи кишвар бархоста, ба ҳамлагарон посух мегӯем”, – иброз доштаст ӯ. Тавре аз дафтари матбуоти дастгоҳи ҳукумати ВМКБ хабар […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар машварати таъҷилӣ оид ба вазъ дар сарҳад раиси ВМКБ Ёдгор Файзов изҳор дошт, ки вазъи ноамн дар сарҳад бо Афғонистон ҳушдорест барои зарурати ҳифзи суботи дохилӣ.

“Дар сурати убури имконпазири ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мо ба ҳимояи кишвар бархоста, ба ҳамлагарон посух мегӯем”, – иброз доштаст ӯ.

Тавре аз дафтари матбуоти дастгоҳи ҳукумати ВМКБ хабар доданд, рӯзи якшанбе, 20 июн раиси вилоят дар робита ба хуруҷи неруҳои низомии ИМА аз Афғонистон бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машварат гузаронидааст.

Зимни машварат зикр шудааст, ки “вазъи ноамн дар Афғонистон моро водор месозад, ки суботи дохилиро таъмин намуда, дар сурати убури имконпазири сарҳади давлатӣ ба ҳимояи сарзамини муқаддас бархоста, тадбирҳои ҷавобӣ диҳем”.

Ба иттилои манбаъ, Ёдгор Файзов тақвияти заминаи моддиву техникӣ ва кадриро дар мавзеъҳои наздисарҳадии ВМКБ тадбири муҳим дар ин самт арзёбӣ намудааст.

Дар ин робита ӯ муайян крадани макони бехавф, захираи сӯзившориву маводи хӯроворӣ, сарулибос ва нақлиётро дар сурати қабули гурезаҳои маҷбурӣ аз қаламрави кишвари ҳамсарҳад муҳим донистааст.

Ёдгор Файзов ҳамчунин гуфтааст, ба ҳамкорӣ байни сарҳадбонони ду кишвар тақвият мебояд бахшид.

Раис вилоят доир ба тавсеъаи минбаъда ва тақвияти фаъолият дар минтақаи мудофиаи ҳудудӣ ва баргузории машқҳои муштарак изҳори назар намуда, илова кардааст, ки дар робита ба сарҳади тӯлонӣ доштани ВМКБ бо Афғонистон, тақвияти минтақаи мудофиаи ҳудудӣ зарур буда, иштирокчиёни он бояд доимо ҳушёру омода бошанд.

Бино ба маълуомти дастгоҳи раиси ВМКБ, вазъият дар ноҳияҳои Бораку-Зебок ва Моҳи-Майи Афғонистон мушкил боқӣ монда, гурӯҳҳои ифротгаро қисмати зиёди қаламрави минтақаи наздимарзиро тасарруф ва ба зерсохтори ин мавзеъҳо зиёни зиёд мерасонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.