Тоҷикистон дарҳол ба гузаронидани воксини чинӣ ба шахсони аз 60-сола боло оғоз мекунад

Масъулони вазорати тандурустии Тоҷикистон  мегӯянд, ки дар кишвар гузаронидани воксини “КоронаВак”-и истеҳсоли Чин ба шахсони аз 60-сола боло рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Дар ин бара ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд. Ин дар ҳолест, ки воксини “КоронаВак”-и чинӣ, ки аз сӯйи ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” – […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Масъулони вазорати тандурустии Тоҷикистон  мегӯянд, ки дар кишвар гузаронидани воксини “КоронаВак”-и истеҳсоли Чин ба шахсони аз 60-сола боло рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Дар ин бара ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд.

Ин дар ҳолест, ки воксини “КоронаВак”-и чинӣ, ки аз сӯйи ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” – и ин кишвар истеҳсол шудааст, ҳамагӣ шоми 20-уми июн ба Тоҷикистон ворид карда шуд. Дар баробари ин ҳамчунин аз Чин 300800 адад сӯзандору низ ворид карда шуд.

Хадамоти назорати санитарию эпидемологӣ мегӯяд, ки гузаронидани воксин бо иҷозаи Вазорати тандурустӣ ва мувофиқа бо ҳукмати кишвар рӯзҳои наздик оғоз мешавад.

Инчунин гуфта мешавад, ки гузаронидани вакисинаи чинӣ марҳила ба марҳила вобаста ба синну сол оғоз гардида, дар марҳилаи аввал шахсони аз 60-сола боло фаро гирифта мешавад.

Баъди комилан воксин гирифтани ин категорияи шаҳрвандон, воксинзании шахсони аз 50-сола оғоз мешавад.

Ҳамзамон аз ин ниҳод мегӯянд, ки дар марказҳои саломатӣ дастаҳои вижа ташкил шудааст ва афроде, ки имкониати омаданро надоранд, аъзои ин даста рафта онҳоро дар хонаҳояшон эм мегузаронанд.

Хадамоти санитарӣ мегӯяд, ки воксингузаронӣ ба шахсоне, ки маротибаи аввал воксини AstraZeneca гирифтанд дахл надорад. Воксини чинӣ дар ҳамаи марказҳои тиббӣ ройгон гузаронида шуда, ба шахсони эмшуда сертификат дар бораи тасдиқи гузаронидани воксин дода мешавад.

Ин шабу рӯзҳо дар миёни шаҳрвандон сару садоҳое мавҷуд аст, ки гӯё дар марказҳои саломатӣ барои ҳамаи хоҳишмандон танҳо воксини AstraZeneca гузаронида мешавад. Аммо масъулони Хадамоти назорати санитарӣ ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки феълан як миқдори майяни воксини  AstraZeneca боқӣ мондааст, вале то кунун нақшаи пештара ба анҷом нарасидааст ва кор бар асоси нақшаи пешин давом дорад.

«Ҳоло нафароне, ки дар нақшаи пештара буданд комилан воксин нашудаанд. Нафароне, ки як бор онро гирифтаанд бори дуюм ҳам бояд воксин шаванд. Агар аз он чизе боқӣ бимонад, имкон ба дигарон гузаронидан аст»,-мегӯянд дар ин ниҳод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.