Фаввораи назди чойхонаи “Роҳат” дар Душанбе тахриб шуд

Фавворае, ки дар тарафи рости чойхонаи маъруфи “Роҳат” дар Душанбе воқеъ буд, тахриб шуд. Ба гуфтаи намояндагони шаҳрдории пойтахт, тахриби фаввора тибқи нақша сурат гирифтааст. “Ин моҳ ҳамчунин қисмати чапи собиқ бинои ҳукумат, ки айни замон дар он шаҳрдории Душанбе фаъолият дорад, низ тахриб мешавад”, – гуфтанд дар ҳукумати пойтахт. Зикр гардид, ки дар ин […]

Ҷамшед Хусаинов, Asia-Plus

Фавворае, ки дар тарафи рости чойхонаи маъруфи “Роҳат” дар Душанбе воқеъ буд, тахриб шуд. Ба гуфтаи намояндагони шаҳрдории пойтахт, тахриби фаввора тибқи нақша сурат гирифтааст.

“Ин моҳ ҳамчунин қисмати чапи собиқ бинои ҳукумат, ки айни замон дар он шаҳрдории Душанбе фаъолият дорад, низ тахриб мешавад”, – гуфтанд дар ҳукумати пойтахт.

Зикр гардид, ки дар ин ҷо боғе сохта хоҳад шуд, ки ба бинои ҳукумати ҷумҳурӣ пайваст мешавад.

Ёдрас мекунем, ки фаввораҳо як қисмате аз гулгашт буданд ва дар ин мавзеъ инчунин кинотеатри тобистонаи замоне маъруф ҷойгир буд.

Тахриби собиқ бинои ҳукумат ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта оғоз гардид. Тибқи нақшаи нави генералии пойтахт, дар ин ҷо бинои нави ҳукумати ҷумҳурӣ қомат меафрозад.

Ҳарчанд намояндагони ҷомеа хеле зиёд барои нигаҳдории бинои ҳукумат ва кинотеатри тобистона талош варзида бошанд ҳам, дар ниҳояти кор ҳар ду бино тахриб шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.