Саҳми Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар “Агроинвестбонк” аз 25%+1 то 3% кам шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар ҳоли ҳозир бо доштани ҳаҷми 3 дарсадӣ саҳмдори ақаллияти "Агроинвестбонк" аст. Дар ин бора сухангӯйи ин ниҳод Антон Усов аз қароргоҳои бонк дар Ландан ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ӯ хотиррасон намуд, ки соли 2009 БАТР 25%+1 саҳмияи “Агроинвестбонк”-ро харида буд.

Антон Усов иброз дошт, ки айни замон саҳмиядори асосии “Агроинвестбонк” ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки аз ҳисоби қарзу маблағгузориҳои иловагӣ ба 87,3%-и саҳмия бонк соҳиб шуд. БАТР дар ин кор иштирок надошт.

Ба гуфтаи Усов, дар “Агроинвестбнк” БАТР ҳамеша саҳмиядори минотарӣ буда, дар идоракунии амалиёти бонк иштирок намекард.

“Ахиран мо ҳатто дар шӯрои нозирон намояндагӣ намекардем”, – илова кард ӯ.

Фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон ҳамаи соҳаҳо бо шумули энернетикаву зерсохтор, бахши молияву корпоративӣ, корхонаҳои хурду миёнаро фаро мегирад. Дар бахши молияи Тоҷикистон БАТР дар сармояи ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶСП ТҚХ “Имон Интернешнл” ҳисса дорад.

Ёдрас мекунем, ки 21 майи соли равон Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи “Агроинвестбонк”-ро бозхонда, 15 июни ҳамин сол Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи барҳамдиҳии замоне яке аз бузургтарин бонки тиҷоратии ҷумҳурӣ қарор содир намуд.

Тибқи маълумоти пешакии БМТ, то 30 апрели соли 2021 уҳдадориҳои тавозунии “Агроинвестбонк” 1 млрд 380,4 млн сомонӣ (қариб 122 млн доллар)-ро ташкил дода, ҳаҷми умумии дороиҳо (брутто)-и ташкилоти мазкур 1 млрд 826,9 млн  сомонӣ (зиёда аз 161 млн доллар) арзёбӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...