Ато Муҳаммади Нур вулусволии Калдори ҳаммарз бо Тоҷикистонро аз “Толибон” поксозӣ кард

Ато Муҳаммади Нур воли пешини Балх ва яке аз шахсиятҳои сиёсиву ҷиҳодии пурнуфузи Афғонистон бо ҷамъе аз ҳамразмони собиқаш ва неруҳои амниятиву дифоии ин вилоят, вулусволии Калдорро аз дасти неруҳои "Толибон" гирифтааст. Ториқ Нур, писари Ато Муҳаммади Нур дар саҳфаи расмияш дар фейсбук хабар додааст, ки "якҷо бо неруҳои хезиши мардумӣ, басиҷи миллӣ ва неруҳои […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Ато Муҳаммади Нур воли пешини Балх ва яке аз шахсиятҳои сиёсиву ҷиҳодии пурнуфузи Афғонистон бо ҷамъе аз ҳамразмони собиқаш ва неруҳои амниятиву дифоии ин вилоят, вулусволии Калдорро аз дасти неруҳои "Толибон" гирифтааст.

Ториқ Нур, писари Ато Муҳаммади Нур дар саҳфаи расмияш дар фейсбук хабар додааст, ки "якҷо бо неруҳои хезиши мардумӣ, басиҷи миллӣ ва неруҳои дифоиву амниятӣ, таҳти раҳбарии сатрҷенерол Ато Муҳаммади Нур, ба мақсади тасфия ва ақибзании душман ба сӯйи вулусволии Калдор ҳаракат намудем, ки дар натиҷа "Толибон" бо таҳаммули талафот ва шикасти сангин аз тамоми манотиқи вулусволии Калдор ақиб ронда шуданд. 

Ториқ Нур навиштааст, ки "вазъияти вулусволии Калдори вилояти Балх таҳти контрол қарор гирифта ва дигар ҷойи нигаронӣ барои мардуми азизи шаҳраки Ҳайратон боқӣ намондааст".

Вулусволии Калдор яке аз вулусволиҳои муҳим ва стратегӣ барои Балх ва дар маҷмуъ Афғонистон мебошад, ки дар он гузаргоҳи муҳими тиҷоративу гумрукии Ҳайратон миёни Афғонистону Ӯзбекистон аст.

Ин вулусволӣ ҳамчунин бо бархе аз ноҳияҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон, аз ҷумла Шаҳритус ҳаммарз мебошад.

Рӯзи 27-уми июн Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфта буд, ки "гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволии Калдори вилояти Балхи Афғонистон ҳамла намуданд".

Ин ниҳод хабар дода буд, ки "дар натиҷаи ин задухӯрд, ки то соати 12:50 идома ёфт, 17 хидматчии ҳарбии  қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритус”, Сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуданд".

Сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани робитаи неки инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд. Вазъияти умумӣ дар ин минтақа мураккаб боқӣ монда, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои ҳаракати  “Толибон” ва қувваҳои ҳукуматии Афғонистон идома дорад, – гуфта буд Неруҳои марзбонии Тоҷикистон.

Пас аз эъломи хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар ду моҳи ахир наздик ба 60 вулусволӣ ба дасти "Толибон" суқут кардааст, ки аксари онҳо дар шимоли ин кишвар мебошанд. Неруҳои давлатии Афғонистон мегӯянд, бархе аз вулусволиҳои аз "Толибон" поксозӣ кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.