Эмомалӣ Раҳмон бар пайи вазъи Афғонистон аз вазири мудофиа хостааст 20 ҳазор низомии эҳтиётиро сафарбар кунад

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон бар пай шудани вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон имрӯз ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намудааст. Дар ин бора Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. 

 

Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон таъйид мекунад, ки дар ин ҷаласа шиддат гирифтани ноамниҳо дар Афғонистон ва ташаннуҷи авзоъ дар манотиқи марзии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. 

Фармондеҳи Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон  Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон  Рамазон Раҳимзода  дар ин ҷаласа дар мавриди вазъи амниятӣ гузориш додаанд. 

Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш додааст, ки барои мустаҳкам кардани сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 20 ҳазор нафар низомии эҳтиётиро сафарбар кунад.

"Дар ҷаласа вобаста ба мураккаб гаштани вазъ дар сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи сарҳади давлатӣ, мавриди баррасии аъзои Шӯрои амнияти кишвар қарор дода шуд",- мегӯяд Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ. 

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки ба минтақаҳое, ки зарур аст неурҳои иловагӣ бурда шавад.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ҳолест, ки гуруҳи "Толибон" дар ду моҳи ахир ноҳияҳо (вулусволиҳо)-и зиёдеро дар шикмоли Афғонистон тасарруф кардаанд, ки бархе аз ин вулусволиҳо дар чор вилояти шимолии ҳаммарз бо Тоҷикистон мебошанд. Аз ҷумла шаби гузашта бар асари ҳамалаи "Толибон" ба 7 вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон 1037 низомии ин кишвар ба Тоҷикистон паноҳ оварданд.

Аз ин пештар дар ноҳияи Панҷ ва Шаҳритус ҳам тақрибан 150 низомии АФғонистон ба Тоҷикистон фирор карда буд.  

Бо дарназардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи кишвари ҳамсояи Афғонистон бо Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд.

"Ҳамчунин Сарвари давлат дастур доданд, ки дар баробари пурзур кардани иқтидори ҳимоявии сарҳад ба масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, таваҷҷуҳи махсус равона гардад",-мегӯяд Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...