Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи Ҷомӣ ва Навоӣ филм таҳия мекунанд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Синамогарони Ӯзбекистону Тоҷикистон таҳияи филми таърихии ҳунариро дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба нақша гирифтаанд. Дар ин бора ҳафтавори “Даракчӣ” хабар медиҳад.

Зимни вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов дар бораи ин лоиҳаи кино сухан рафта, сафир изҳор доштааст, ки фаъолияти муштараки студияи “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ба манфиати ҳар ду халқ, тамошобинон ва офарандагони филм аст.

“Зеро мо халқи дорои решаҳои умумӣ мебошем. Мо ба таҳияи консепсияи филм ва ба як пули мустаҳкам табдил ёфтан байни студияи “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематгорафия, инчунин ҳамкории доимӣ омодаем”, – изҳор доштааст сафир.

Ба гуфтаи Абдухолиқов, минбаъд байни гурӯҳҳои кинематографҳои ҳар ду кишвар конфронсҳои видеоии доимӣ ва гуфтушунидҳо дар бораи ҳамкорӣ гузаронида мешаванд.

“Мо баргузории Рӯзҳои кинои Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон дастгирӣ мекунем. Зимни сафари эҷодӣ бо студияи “Тоҷикфилм” Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонидем. Дар ин корҳо Шӯрои байниидоравии муштараки ҳамкорӣ оид ба рушди кинематографияи Ӯзбекистону Тоҷикистон ба мо кумак мекунад, ки ба ҳайати он намояндагони барҷастаи соҳаи кинои ҳар ду кишвар шомиланд”, – иброз доштааст Абдухолиқов.

Дар вохӯрӣ филмҳои омода ба нашри «Неизвестная звезда» ва «Камни и вода», ки бо талошҳои муштарак таҳия мешаванд, инчунин дар охири моҳи июл баргузор намудани Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон баррасӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...