Футболбози тоҷик ба ҳайати дастаи “Торпедо-Белаз”-и Беларус гузашт

Ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон Шаҳром Самиеви 20-сола бо дастаи футболи “Торпедо-БелАЗ”-и шаҳри Жодинои Беларус қарордод баст. Дар ин бора сомонаи расмии ин даста хабар медиҳад. Шаҳром зодаи шаҳри Душанбе буда, қаблан дар дастаҳои “КМВА-Помир” ва “Истиқлол” бозӣ мекард ва сипас ба тими “Рубин”-и Қазон гузашт. Соли 2020 бо “Шериф”-и Молдова қарордод баста, баъдан ба “Динамо-Авто” […]

Ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон Шаҳром Самиеви 20-сола бо дастаи футболи “Торпедо-БелАЗ”-и шаҳри Жодинои Беларус қарордод баст. Дар ин бора сомонаи расмии ин даста хабар медиҳад.

Шаҳром зодаи шаҳри Душанбе буда, қаблан дар дастаҳои “КМВА-Помир” ва “Истиқлол” бозӣ мекард ва сипас ба тими “Рубин”-и Қазон гузашт. Соли 2020 бо “Шериф”-и Молдова қарордод баста, баъдан ба “Динамо-Авто” (Тираспол) ба иҷора рафт. Мавсими 2020\2021-ро дар Дивизиони миллии Молдова (19 бозӣ, 7 гол ва 1 партофти муваффақ) гузаронид.

Қаҳрамон, дорандаи Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон. Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 10 вохӯрӣ гузаронида, 4 тӯб задааст.

Соли 2019 дар ҳайати дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон, унвони қаҳрамон ва Ҷоми Тоҷикистон ноил гардид.

Бозии аввалинашро дар ҳайати тими мунтахаб 7 июни соли 2019 дар бозии дӯстона бо Афғонистон гузаронида, ба задани як тӯб муваффақ шуд. 7 июли соли 2019 дар вохӯрӣ бо Ҳиндуустон голи дуюми худро зад.

Дастаи “Торпедо” соли 1961 таъсис ёфта, иштирокчии доимии мусобиқаи Лигаи олии Беларус мебошад. Соли 2020 ба дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа сазовор гардид, ки беҳтарин дастовари даста маҳсуб меёбад. Имсол дар мусобиқаи ҷоми Аврупо иштирок мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.