Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи Ҷомӣ ва Навоӣ филм таҳия мекунанд

Синамогарони Ӯзбекистону Тоҷикистон таҳияи филми таърихии ҳунариро дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба нақша гирифтаанд. Дар ин бора ҳафтавори “Даракчӣ” хабар медиҳад. Зимни вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов дар бораи ин лоиҳаи кино сухан рафта, сафир изҳор доштааст, ки фаъолияти муштараки студияи “Тоҷикфилм” […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Синамогарони Ӯзбекистону Тоҷикистон таҳияи филми таърихии ҳунариро дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба нақша гирифтаанд. Дар ин бора ҳафтавори “Даракчӣ” хабар медиҳад.

Зимни вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов дар бораи ин лоиҳаи кино сухан рафта, сафир изҳор доштааст, ки фаъолияти муштараки студияи “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ба манфиати ҳар ду халқ, тамошобинон ва офарандагони филм аст.

“Зеро мо халқи дорои решаҳои умумӣ мебошем. Мо ба таҳияи консепсияи филм ва ба як пули мустаҳкам табдил ёфтан байни студияи “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематгорафия, инчунин ҳамкории доимӣ омодаем”, – изҳор доштааст сафир.

Ба гуфтаи Абдухолиқов, минбаъд байни гурӯҳҳои кинематографҳои ҳар ду кишвар конфронсҳои видеоии доимӣ ва гуфтушунидҳо дар бораи ҳамкорӣ гузаронида мешаванд.

“Мо баргузории Рӯзҳои кинои Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон дастгирӣ мекунем. Зимни сафари эҷодӣ бо студияи “Тоҷикфилм” Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонидем. Дар ин корҳо Шӯрои байниидоравии муштараки ҳамкорӣ оид ба рушди кинематографияи Ӯзбекистону Тоҷикистон ба мо кумак мекунад, ки ба ҳайати он намояндагони барҷастаи соҳаи кинои ҳар ду кишвар шомиланд”, – иброз доштааст Абдухолиқов.

Дар вохӯрӣ филмҳои омода ба нашри «Неизвестная звезда» ва «Камни и вода», ки бо талошҳои муштарак таҳия мешаванд, инчунин дар охири моҳи июл баргузор намудани Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон баррасӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.