Эмомалӣ Раҳмон вазъи Афғонистонро бо Мирзиёев, Токаев ва Путин баррасӣ кард

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 июл бо сарони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Руия суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷонибҳо ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Дар ин робита, президентҳо вазъияти ташвишоварро, ки имрӯз дар Афғонистони ҳамсоя, бахусус дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии он ҷараён дошта, периметри хати сарҳади давлатии ду кишвар бо ин мамлакат дар онҳо мегузарад, муҳокима карданд.

“Пешвои миллат президенти Ӯзбекистонро оид ба далелҳои нави убури маҷбурии хати сарҳади давлатӣ аз ҷониби ҳайати низомии нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон воқиф намуданд, – омадааст дар хабар. – Дар ин замина, вазъ дар хати сарҳад бо ин кишвар хеле пуршиддат арзёбӣ карда шуд. Омодагии ҷонибҳо барои ҳамоҳангсозии минбаъдаи ҳамкории мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар бахши таъмини амният, бахусус дар таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон тасдиқ гардид”.

Дар гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев Дар манзари бад шудани вазъ дар Афғонистон, сарони давлатҳо ҳолати кунунии ҳарбию сиёсиро дар ин кишвари ҳамсоя муфассал муҳокима карданд.

“Ҷонибҳо аз шадидтар шудани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд. Дар робита ба ин, бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, аҳамияти қадамҳои муштараки минбаъда дар роҳи таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар зикр гардид”, – омадааст дар маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Зимни суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин ба якбора бад шудани вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, дар ин замина, вазъи кунунии ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, ҳамаҷониба муҳокима шуд.

Бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, муҳимияти қадамҳои муштараки минбаъда ҷиҳати таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба зикр карда шуд.

Дар робита ба ин, масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин расонидани ёрии моддию техникӣ ва кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин масъала баррасӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти дафтари матбуоти президенти Русия, дар чаҳорчӯби ин гуфтугӯ вазъияти ноамн дар марзи Тоҷикистону Афғонистон муфассал баррасӣ шудааст.

Владимир Путин омодагии кишварашро ба расонидани кумаки зарурӣ ба Тоҷикистон ҳад дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи СААД изҳор доштааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...