То охири август ба Тоҷикистон боз 192 ҳазор вояи ваксинаи «AstraZeneca» оварда мешавад

Миқдори навбатии ваксинаи AstraZeneca нимаи дуюми моҳи август оварда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ. “Ин миқдори навбатиест, ки дар доираи барномаи COVAX ба Тоҷикистон дастрас мешавад. Ин дафъа ҳам мисли пешин боз 192 ҳазор воя (доза) оварда мешавад. Ба ин тариқ, то охири сол бо якчанд миқдор қисмати ба мо тааллуқдоштаи […]

Миқдори навбатии ваксинаи AstraZeneca нимаи дуюми моҳи август оварда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

“Ин миқдори навбатиест, ки дар доираи барномаи COVAX ба Тоҷикистон дастрас мешавад. Ин дафъа ҳам мисли пешин боз 192 ҳазор воя (доза) оварда мешавад. Ба ин тариқ, то охири сол бо якчанд миқдор қисмати ба мо тааллуқдоштаи ваксинаро дар доираи ин баронма, ки 1,8 млн воя барои фарогирии 20%-и аҳолӣ аст, дастрас мекунем”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров.

Ба гуфтаи ӯ, бо сабаби вазъияти душвори эпидемиологӣ дар Ҳиндустон реҷаи таҳвили ваксина тағйир ёфта, бо мушкилӣ дастрас мегардад.

Аввали моҳи март Тоҷикистон миқдори аввалро иборат аз 192 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca-и истеҳсоли Ҳиндустонро дастрас намуда, ин ваксина дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо номи рамзии CoviShild сабт шудааст.

Ба гуфтаи Ҷаъфаров, ҳукумат кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки бо истифода аз дигар сарчашмаҳо воридоти ваксинаро зиёд кунад.

“Ҳукумат дастрас намудани вояҳои иловагии ваксинаро аз ҳисоби буҷет ва маблағҳои грантии ба Тоҷикистон ҷудошуда дар нақша дорад. Айни замон бо Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи умумии зиёда аз 8 млн доллар грант ва Бонки осиёии рушд ба маблағи 25 млн доллар қарордодҳо ба имзо расиданд. Як қисмати муайяни ин маблағҳо низ барои харидани ваксинаҳо равона мегарданд”, – илова намуд Наврӯз Ҷаъфаров.

Зимнан зикр шуд, ки то имрӯз зёда аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ зидди COVID-19 ваксина гирифтаанд, ки 97 ҳазор нафарашон сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.

Тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустии кишвар, то 2 июл дар маҷмӯъ 280 ҳазор нафар аз Covid-19 ваксина гирифта, лекин ҳамагӣ 18,6 ҳазор нафар аҳолии ҷумҳурӣ пурра аз ваксиназанӣ гузаштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...