Фарзияи Қирғизистон: дар тирпаронӣ дар марз бо Тоҷикистон як марзбон кушта шуд

Asia-Plus

Дар қитъаи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон тахминан соати 17:00-и рӯзи 8 июл байни марзбонони тоҷику қирғиз тирпарронӣ сурат гирифт, хабар медиҳад АКИпресс бо истинод ба Хадамоти сарҳадбонии КДАМ Қирғизистон.

Тибқи маълумоти ин Хадамот, гурӯҳи посбонии савори аспи марзбонони Қирғизистон дар мавзеи ағбаи Наумин дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд қитъаи сарҳадро назорату посбонӣ мекардаанд.

“Ҳангоми мувофиқи хатсайри муқарраршуда посбонӣ кардан дар мавзеи Чашмагилдон гурӯҳи посбонон ногаҳон аз ҷониби марзбонони Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор мегиранд ва дар натиҷа байни хизматчиёни ҳарбӣ тирпарронӣ ба амал меояд. Маълумот дар бораи осебдидагон зимни ин ҳодиса мавриди дақиқшавист”, – омадааст дар хабар.

Хабаргузории 24.kg бо истинод ба Хадамоти марзбонии ин кишвар хабар медиҳад, ки дар ин тирпаронӣ як марзбони 27-солаи қирғиз бо номи Ҳусниддин Ҳоҷиев кушта шудааст.

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 8-уми 9 июл ба "Азия-Плюс" гуфт, ки дар мавриди ин қазия ҳар чизе буд, дирӯз нашр карданд ва дар сурати ба даст омадани ҷузъиёти дигар онро расонаӣ мекунанд. Ҳоло чизи дигаре нест, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Гуфта мешавад, барои ошкор намудани сабабу ҳолатҳои ҳодисаи рухдода сардори Раёсати Хадамоти сарҳадбонии КДАМ Қирғизистон дар вилояти Ботканд Киялбек Толонбоев ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ ба ҷойи ҳодиса рафтаанд. Намояндагони хадамоти марзбонии ҳар ду кишвар далели мазкурро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи фарзияи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, марзбонони қирғиз ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур намуда, мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Қирғизистон интиқол диҳанд.

“Сарҳадбонони қирғиз ба амри  марзбонони Тоҷикистон дар мавриди вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд, – зикр гардид дар изҳороти КДАМ Тоҷикистн. -Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...