Хондани намози Иди Қурбон дар масҷидҳои Маскав имсол манъ шуд

Asia-Plus

Имсол дар Маскав ҳузури намозгузорон дар масҷидҳо барои адои намози Иди Қурбон манъ шуд. Бар асари пандемияи коронавирус имсол Иди Қурбон дар шаҳри Маскав тариқи фосилавӣ (онлайн) ҷашн гирифта мешавад ва дари масҷидҳои шаҳр барои ибодаткунандагон баста мешавад. Дар ин бора  “Интерфакс” бо такя ба Шӯрои уламои Идораи мусулмонони Русия  хабар додааст.

– Намози ид дар Маскав танҳо дар Масҷиди ҷомеъ бо иштироки имомон, муаззинҳо ва муовини муфтӣ баргузор мешавад. Дар дигар масҷидҳо, инчунин ташкилотҳои маҳаллии динии мусалмонон намози ид тавсия дода намешавад. Ҳама мусулмонон бояд дар хонаҳои худ, дар ҳалқаи оила фазои идона фароҳам оранд, – омдааст дар изҳороти муфтиёти Маскав.

Манбаъ менависад, ки Идораи минтақавии мусулмонон, ки тобеи Идораи  мусалмонон мебошанд бо дарназардошти вазъи эпидемиологӣ дар маҳалли худашон дар бораи тартиби баргузории намози ид қтасмим мегиранд.

Бояд гуфт, ки имсол дар РусияиИиди Қурбон 20 июл таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ имсол Иди Қурбон рӯзи 20 июл ҷашн гирифта мешавад. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хабар дод, ки тибқи тақвими мусалмонии қамарӣ имсол таътил ба 20 июл рост меояд.

Санаи расмӣ пагоҳ, 13 июл, дар ҷаласаи Шӯрои уламо эълон мешавад. Дар ин нишаст ҳама гуна тадбирҳо дар рӯзи ид низ баррасӣ карда мешаванд.

Соли гузашта Иди Курбон дар Тоҷикистон бидуни намози азими идона ҷашн гирифта шуд, то аз паҳншавии коронавирус ҷилавгирӣ шавад.

Иди Қурбон бузургтарин ҷашни исломӣ аст, ки ҳамасола ду моҳу 10 рӯз пас аз иди Фитр таҷлил карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...