Хондани намози Иди Қурбон дар масҷидҳои Маскав имсол манъ шуд

Имсол дар Маскав ҳузури намозгузорон дар масҷидҳо барои адои намози Иди Қурбон манъ шуд. Бар асари пандемияи коронавирус имсол Иди Қурбон дар шаҳри Маскав тариқи фосилавӣ (онлайн) ҷашн гирифта мешавад ва дари масҷидҳои шаҳр барои ибодаткунандагон баста мешавад. Дар ин бора  “Интерфакс” бо такя ба Шӯрои уламои Идораи мусулмонони Русия  хабар додааст. – Намози ид дар Маскав танҳо […]

Имсол дар Маскав ҳузури намозгузорон дар масҷидҳо барои адои намози Иди Қурбон манъ шуд. Бар асари пандемияи коронавирус имсол Иди Қурбон дар шаҳри Маскав тариқи фосилавӣ (онлайн) ҷашн гирифта мешавад ва дари масҷидҳои шаҳр барои ибодаткунандагон баста мешавад. Дар ин бора  “Интерфакс” бо такя ба Шӯрои уламои Идораи мусулмонони Русия  хабар додааст.

– Намози ид дар Маскав танҳо дар Масҷиди ҷомеъ бо иштироки имомон, муаззинҳо ва муовини муфтӣ баргузор мешавад. Дар дигар масҷидҳо, инчунин ташкилотҳои маҳаллии динии мусалмонон намози ид тавсия дода намешавад. Ҳама мусулмонон бояд дар хонаҳои худ, дар ҳалқаи оила фазои идона фароҳам оранд, – омдааст дар изҳороти муфтиёти Маскав.

Манбаъ менависад, ки Идораи минтақавии мусулмонон, ки тобеи Идораи  мусалмонон мебошанд бо дарназардошти вазъи эпидемиологӣ дар маҳалли худашон дар бораи тартиби баргузории намози ид қтасмим мегиранд.

Бояд гуфт, ки имсол дар РусияиИиди Қурбон 20 июл таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ имсол Иди Қурбон рӯзи 20 июл ҷашн гирифта мешавад. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хабар дод, ки тибқи тақвими мусалмонии қамарӣ имсол таътил ба 20 июл рост меояд.

Санаи расмӣ пагоҳ, 13 июл, дар ҷаласаи Шӯрои уламо эълон мешавад. Дар ин нишаст ҳама гуна тадбирҳо дар рӯзи ид низ баррасӣ карда мешаванд.

Соли гузашта Иди Курбон дар Тоҷикистон бидуни намози азими идона ҷашн гирифта шуд, то аз паҳншавии коронавирус ҷилавгирӣ шавад.

Иди Қурбон бузургтарин ҷашни исломӣ аст, ки ҳамасола ду моҳу 10 рӯз пас аз иди Фитр таҷлил карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.